01:28 26 июли 2017
Пахши мустақим
Мендкович, Акс аз бойгонӣ

Мендкович: ғолибияти Трамп барои Тоҷикистон ва Узбакистон манфиатовар аст

© Фото: Из личного архива Н. Мендковича
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)
11120

ВАО-и ҷаҳонӣ аллакай мақоми президентиро ба Доналд Трамп доданд. Коршиносон зимни баррасии интихобот изҳор доштанд, ки натиҷа ғайриинтизор буд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Аъзои ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп аллакай дар Қасри Сафед аст. Ӯ дар иёлотҳои муҳимтарини Амрико ғолиб омада, ҳамчунин 276 овози интихобкунадагонро аз худ кард. Хилларе Клитон бошад, танҳо 215 овоз гирифтааст.

Агар бо фоиз ҳисоб кунем, бармеояд, ки 50-фисади шаҳрвандони Амрико ба манфиати Трамп овоз дода, Клинтон-45%-и овозҳоро ба даст овард. Марказҳои интихоботӣ дар ҳоли ҳозир натиҷаҳои интихоботро расман эълон намекунанд.

Коршиноси Шӯрои Русия оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ Никита Мендкович бар он аст, ки ғолибияти Трамп аз рӯи сиёсати беруна  ғайриинтизор аст. Ӯ барномаи пешазинтихоботии худро аз рӯи тағйиротҳои дохили кишвар анҷом дод-ин андоз, тандурустӣ, ҷойҳои нави корӣ.

"Агар мо суханони Хиллари Клинтонро ба ёд орем, ӯ нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле хашмгин буд. Махсусан замоне, ки вазифаи  котиби давлатии ИМА-ро бар дӯш дошт. Клинтон рӯйи рост бар зидди ҳамгироии АвруОсиё  ва наздик шудани Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон баромад карда буд",-гуфт Мендкович дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ Трамп борҳо изҳор дошт, ки хостори муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аст.

"Мехоҳам батакрор бигӯям, ки барои Трамп сиёсати хориҷӣ дар ҷойи дуюм аст. Баъди интихобот эҳтимолан ҳамааш дигаргун мешавад. Трамп барои Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар хатар дорад",-гуфт коршинос.

Интихоботи президентӣ дар ИМА 8 ноябри соли равон дар ду марҳила баргузор гардид. Аввал раъйпурсии умумихалқӣ дар 50 иёлоти Амрико дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Ғолиби ҳар иёлот барои худ овозҳоро мегирад.

Барои ғолиб шудан дар интихоботи президентӣ бар ИМА номзад бояд аз 538 овози умумӣ 270 овозро соҳиб шавад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)
Барчаспҳо:
раъйпурсӣ, манфиат, интихобот, Доналд Трамп, Хиллари Клинтон, Осиёи Марказӣ, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ