19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Алексей Бычков. Акс аз бойгонӣ

Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд

© Фото: Страница Алексея Бычкова в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
9020

Ба гуфти роҳбари дипартаменти тадқиқоти сиёсии ИДМ Алексей Бичков,мо имрӯз сатҳи нави рушди муносибатҳоро бо ИМА мушоҳида менамоем

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Коршинос бовар дорад, ки  Трамп сиёсати дохилии пурзӯр дошта, ба кишварҳои хориҷӣ диққати камтар зоҳир мекунад.

Ҳамчунин Бичков дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки дар даврони президентии Ислом Каримов Узбакистон кӯшиш мекард, ба ИМА наздиктар шавад, вале дар ҳоли ҳозир Узбакистон дарк мекунад, ки зимни ҳукмронии президенти нав чунин нахоҳад шуд, Трамп ба кишварҳои Осиёи Марказӣ диққати зиёд нахоҳад дод.

Дар баробари ин ҳукумати Узбакистон муносибатҳои олии Тоҷикистону Русияро, ки ҳам дар соҳаи сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ дар роҳи рушт аст, мушоҳида дорад.

"Барои Узбакистон бозори нав лозим аст. Масалан мошинҳоро метавон дар Тоҷикистон ба фурӯш баровард ва боз ҳам роҳҳои нави интиқоли бор. Ва амниятро низ набояд фаромӯш кард. Ҷаҳон дигар мешавад. Дар Осиёи Марказӣ бошад Афғонистони ноором вуҷуд дорад. Барои ҳамин ҳам иттиҳод бо Тоҷикистон ва Русия барои Узбакистон муҳим хоҳад буд. Элитаи нави Тошканд ин чизро дарк мекунад. Ҳеҷ кас намехоҳад дигар душманӣ кунад",-изҳор дошт Алексей Бичков дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мавзуъ

Коршинос: Трамп дар бораи Тоҷикистон ва Узбакистон дониши "базавӣ" дорад
Раҳмон ба Трамп: ҳамкорӣ бо ИМА самти муҳими сиёсати Тоҷикистон аст
Барчаспҳо:
наздикӣ бо Тоҷикистон, сиёсати хориҷии Узбакистон, Алексей Бичков, Узбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ