01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Владимир Евсеев, акс аз бойгонӣ

Евсеев: Мирзиёев ба муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон “ҷон бахшид”

© Sputnik Антон Девяткин
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Вақтҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, дар ҳақиқат гармтар шуданд, ки метавонад боси рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар тамоми соҳаҳои кишварҳо гарданд

ДУШАНБЕ, 24 ноября — Sputnik, Рубен Гарсия.Дар заминаи гармтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон лоиҳаи калон,  ба монанди НБО Роғун ва барқароршавии хатҳои ҳаракати ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ягона меҳвари ба ҳам омадани манфиатҳои Душанбе ва Тошканд нестанд, мегӯяд муовини директори Донишкадаи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев.

Масъалаи амният ва васеъ намудани савдои наздисарҳадӣ метавонанд сабаби барқарор намудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шаванд.

"Ҳоло ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон каме барқарор гардидааст. Пештар ҳамкории кишварҳо рӯ ба карахтӣ оварда буд, зеро сиёсати Ислом Каримов сахт буд, ки дар натиҷа, муносибати Тоҷикистону Ӯзбакистон то ба минагузорӣ намудани сарҳадҳои далатӣ омада расид. Ҳоло муносибатҳо гармтар шуданд, аммо маълум нест, ки Шавкат Мирзиёев то куҷо ин сиёсати худро давом медиҳад. Вазъият чунин аст: дар Ӯзбакистон тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар Тоҷикистон — ӯзбекон.  Ҳоло барои онҳо сарҳади давлатиро убур намудан осонтар гадидааст. Кушодашавии  гузаргоҳҳои иловагӣ дар сарҳадҳо сар шуданд ва савдои наздисарҳадӣ низ барқарор шуда истодааст ",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Евсеев.

Аммо агар дар соҳаи савдои байнисарҳадӣ тарафҳо муносибатҳои худро беҳтар кунанд, дар масъалаи амният ва мубориза бо терроризм бояд эҳтиёткор бошанд ва шояд аз миёнравии Русия низ истифода баранд, мегӯяд сиёсатшинос.

"Бештар за ҳама ҳамкорӣ дар соҳаи амният ба воситаи Русия ба амал меояд. Беш аз он вазъиятҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар мубориза бо терроризм гуногун мебошад. Ӯзбакистон ба Афғонистон сарҳади хурд дорад ва намояндагони ӯзбек дар Афғонистон низ зиёд нестанд, ки онҳоро Ӯзбекистон идора мекунад. Ӯзбакистон хадамоти махсуси қавӣ дорад ва барои террористон маҳбасҳои махсус ташкил намудааст, ҷониби Тоҷикистон бошад, не. Барои ҳамин пешгӯи кардан мушкил аст, ки оё Мирзиёев муносибатро бо ҳамсоягон, бахусус бо Тоҷикистон ба ҳамин минвол давом медиҳад ва ё баъдан ба сиёсати Каримов рӯ меорад",- мегӯяд Евсеев.

Ёдовар мешавем, ки пас аз  таъин гардидани Шавкат Мирзиёев ба вазифаи иҷрокунандаи муваққатии президентӣ, ҳукумати кишвар барои наздик шудан бо Тоҷикистон аввалин шуда, иқдоми худро нишон дод. ВКХ Ӯзбакистон изҳор дошт, ки кишварҳо бояд ба раванди демаркатсияи сарҳади миёни ду кишвар машғул шаванд.

Охирҳои октябри соли 2016 Сафири Фавқуллода ва Мухтори ҶӮ дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисмоилов изҳор дошт, ки ба наздикӣ ҷониби Ӯзбакистон автомашинаҳои истеҳсоли миллии хешро ба Тоҷикистон содир мекунад. Ба ғайр аз ин Душанбе ва Тошканд мехоҳанд роҳи оҳани байни кишварҳоро барқарор кунанд.

Барчаспҳо:
барқарор шудани муносибатҳо, Шавкат Мирзиёев, Ислом Каримов, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ