14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Коргарон дар майдони сохтмон, акс аз бойгонӣ

Вилояти Белгород муҳоҷирони ихтисоснокро даъват мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
13210

Танҳо дар як фабрикаи кондитерии “Славянка” дар Старий Оскол 500 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Вилоят тамоми муҳоҷиронро ба ҷойҳои холии корӣ даъват мекунад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik, Рубен Гарсия.Дар вилояти Белгород ҷойҳои холии кори зиёд мавҷуд аст, аммо норасоии калони қувваи корӣ ба назар мерасад, гуфт губернатори вилоят Евгений Савченко дар вохӯрӣ бо сарвазири Русия Дмитрий Медведов.

Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилӣ- ба вилоят даъват намудани муҳоҷирони ихтисоснок мебошад. Зеро, моҳи октябр дар вилояти Танбов, ки дар он барномаи махсус амалӣ мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ба кураторони барнома дар бораи гирифтани иҷозаи истиқомати доимӣ ва ҷойи кор саволҳои биёр дода буданд.

Дар вилояти Варонеж ҳам чунин барнома амалӣ мешавад. Ҳарчанд минтақаи Белгород ба ин барнома дохил нашавад ҳам, ҳукумати вилоят тайёр аст, ки ба мутахассисон дар таъмин гаштан бо ҷойи кор кӯмак расонад.

"Чунин ба назар мерасад, ки гап дар бораи нарасидани мутахассисони лаёқатманд меравад. Муҳоҷирон дар Русия дар тамоми соҳаҳои иқтисод кору фаъолият мекунанд. Онҳое, ки ба воситаи патент кор мекунанд дар вилоят шумораашон 6000 ҳазорро ташкил мекунад. Шумораи додани патент маҳдуд карда нашудааст",-  гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Роман Лактионов, роҳбари Раёсати масъалаҳои муҳоҷиратии РВКД Русия.

Дар масъалаи ба кор таъмин гардидани муҳоҷирон — мутахассисон, аз ҷумла шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, дар минтақаъ якчанд мақомотҳо фаъолият мекунанд.

"Дар ин масъала муассисаи мо ва комиссияи роҳбарияти вилоят машғул мешавад. Раёсати махсус оиди меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ мавҷуд аст, ки ба наздикӣ ин масъаларо дида баромада буд",- мегӯяд Лактионов.

Аз Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Белгород ҷавоб доданд, ки дар кишвар мубоширатан аз соли 2014 муфиқи қарори ҳукумат ба шаҳрвандони бекор дастгирии молӣ  расонида мешавад ва бо аҳли оилаашон минтақаҳои дигар кӯчонида, бо кор таъмин карда мешаванд.

Аммо ин ҳолат ҳоло барои муҳоҷироне ҷорӣ карда мешавад, ки фаъолона дар барномаи "переселения" иштирок мекунанд, яъне барои онҳое, ки шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд. Ба шароити бӯҳронӣ нигоҳ накарда, вилояти Белгород яке аз минтақаҳои камёфти Русия ба ҳисоб меравад, ки дар он ҷо ихтисоркунии истеҳсолот ба назар намерасад, рушди иқтисод бошад дар ин минтақаъ дар як сол 4%-ро ташкил намудааст.

"Се соли охир, ба вазъияти иқтисодии умумиҷаҳонӣ нигоҳ накарда, мо ҳеҷ вақт паст шудани истеҳсолотро ба қайд нагирифтаем",- гуфт Савченко дар вақти вохӯрӣ бо сарвазир.

Далели ин гуфтаҳоро губернатор фабрикаи қаннодии "Славянка" номид, ки дар корхона зиёда аз 500 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст.

Баъд аз қабули барнома- соли 2006 ба ФР қариб 410 ҳзр. шаҳрванд аз ИДМ кӯчонида шудаанд- шаҳрвандӣ гирифтанд. Маблағи кӯмакпулии барномаи мазкур, имрӯз 240 ҳзр. рубли русиро ташкил мекунад.

Дар иштирок дар барнома шахсоне ҳуқуқ доранд, ки дар ҳудуди Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекунанд ва ё шаҳрвандии ин давлатҳоро ба даст овардаанд, ҳамчунин зодагони Русия ё ИҶШС ва ё насли онҳо ҳуқуқи иштирок дар барномаро доранд. То имрӯз иштирокдорони фаъоли  барнома шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Украина ва Молдова мебошанд.

Мавзуъ

Шӯрои ҳуқуқи инсон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад
Зоири Давлат: муносибати Тоҷикистону Русия олист, вале бояд мушкилоти муҳоҷират ҳал шавад
Сергей Лебедев: вазъи муҳоҷират дар ҷаҳон тезу тунд шудааст
Барчаспҳо:
барномаи "пересиления", ҷойи холии корӣ, муҳоҷирон, Белгород, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ