02:55 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ

Ашрав Ғанӣ: бидуни сулҳ ягон кӯмак самара нахоҳад дод

AP Photo/Dan Kitwood/Poo
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Президенти Афғонистон бовар дорад, ки барои ором намудани вазъияти дохилии кишвар, маблағгузорӣ бояд барои роҳ надодани террористон ба кишвар, равона гардад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар рафти ҳамоиши ҳафтуми "Дили Осиё", ки дар Ҳиндустон ба кори худ шурӯъ кард, президенти Афғонистон пешниҳод намуд, то ҷиҳати мубориза  алайҳи терроризм дар кишвар хазина ташкил карда шавад.

Ҳамоиш ба масъалаҳои амният ва рушди минбаъда бахшида шуда буд. Вазирони вазоратҳои хориҷии Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон амният ва рушди босуботро муҳокима карданд. Ҳамчунин намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Озарбойҷон низ дар конфронс иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамасола бо мақсади муҳокимаи роҳҳои ҳалли вазъияти дохилии Афғонистон вомехӯранд.

Ба қавли президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ҷониби Покистон  пешниҳод кардааст, ки ҷиҳати барқарорсозии Афғонистон 500 миллион доллар ҷудо карда шавад.

"Ин хазина метавонад барои роҳ надодани экстремистон ба кишвар самаранок истифода шавад, чунки бидуни сулҳ, кӯмак чӣ қадаре, ки набошад, ба талаботи мардуми афғон ҷавобгӯ нахоҳад буд",-қайд кард Ғанӣ.

Президент таъкид намуд, ки "ҷанги эълоннашуда" бо 30 гурӯҳи экстремистӣ дар Афғонистон, чун амалиёти зидди террористӣ дар шарқи Покистон, ки ҷангиёнро маҷбур кард, то ба кишвари ҳамсоя гурезанд, танҳо соли 2016 шиддат гирифт.

"Мо намехоҳем якдигарро айбдор кунем, мо мехоҳем, сарҳад назорат шавад",-изҳор дошт ӯ.

Ҳамчунин президенти Афғонистон  додани паноҳгоҳ ба ифротгароёнро аз ҷониби дигар кишварҳо ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фурӯши одамон, бо роҳи назорати фаъолияти фаромарзии мамолики ҳамсоя даъват кард.

Мавзуъ

Дар Афғонистон 30 нафар аз дасти ҷангиёни ДИ ба қатл расонида шуданд
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон: зудухӯрди мусаллаҳона ва мусодираи ҳероин
Аслов: бояд роҳҳои бехатарии долони нақлиётро дар Афғонистон таъмин кард
Барчаспҳо:
хазина, муҳокимаи терроризм, амният, Дили Осиё, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ