09:58 24 августи 2017
Пахши мустақим
Тайёрӣ ба интихобот дар Ӯзбакаистон

Саҳифаи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон. Баъд аз интихобот

© Sputnik / Валерий Мельников
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Коршиносон таҳлил мекунанд, ки президенти тозаинтихоби Ӯзбакистон дар сиёсати хориҷӣ кадом роҳро пеш мегирад

ДУШАНБЕ,  5 дек — Sputnik.Рӯзи гузашта дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Коршиносон пешгӯи карданд, ки ғолибиятро иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии кишвар Шавкат Мирзиёев ба даст меорад.

Яке аз сабабҳои асосноки ин пешгӯӣ дар он аст, ки дигар номзадони курсии президентӣ мақоми баланди сиёсӣ надоранд. Барои мисол Наримон Умаров, ки дар интихоботи президентии Ӯзбакистон — 2015 ҳамроҳи Ислом Каримов аз ҳизби Сотсиал-демократии "Адолат" ва Ҳотамҷон Кетманов аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбакистон иштирок намуда буданд, ҳамагӣ 2,05% ва 2,95% овози итихобкунандагонро ба даст оварданд.

"Ман имрӯз номзади арзандаеро ба ғайр аз Шавкат Мирзиёев намебинам. Вай сиёсатмадори пуртаҷриба аст, ки дар бораи тарзи ҳаёт ва мушкилиҳои  миллати ӯзбек маълумоти зиёд дорад. Ман фикр мекунам, ки халқ мехоҳад ӯро президенти кишвар бинад ",- гуфт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон нависандаи ӯзбек Шариф Холов.

Ба гуфтаи вай ғолибияти Мирзиёев барои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муфид мебошад. Дар ин бора, бисёре аз сокинони Ӯзбакистон орзу мекунанд, мегӯяд ҳамсӯҳбати Sputnik.

"Аллакай дар муносибатҳо беҳбудиҳо дида мешавад. Яке аз чунин далелҳо барқароршавии ҳаракатҳои ҳавоии байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мебошад, ки исботи гармшавии муносибатҳо мебошад. Бештар аз ин ҳамааш аз Тоҷикистон  ва амнияти кишвар вобаста мебошад",- қайд намуд Холов.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мегӯяд нависанда, реҷаи раводид байни кишварҳо ба наздикӣ лағв намешавад- тарафайн ба ин ҳоло тайёр нестанд.

Дар бораи он, ки шаҳрвандони Ӯзбакистон аз беҳтар гардидани муносибатҳои хурсанд мешавад, яке аз рӯзноманигори дигар аз Фарғона дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, қайд намуд.

Беш аз ҳама аз ин сокинони вилояти Фарғона хурсанд мешаванд. Онҳо беҳтар гаштани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дер боз интизоранд.

Ҳангоми сӯҳбат дар бораи интихобот, ҳамсӯҳбати оҷонсӣ қайд намуд, ки шаҳрвандони Ӯзбаикистон дар интихобот хело фаъолона иштирок карданд.

"Ман шахсан рафти интихоботро дар ҳавзаҳои вилоятамон  нозирӣ мекардам. Аллакай соатҳои 10,  50% интихобкунандагон овоз дода шуда буданд. Ман фикр мекунам, ки Мирзиёев ғолиб мешавад. Вай пуртаҷриба аст ва барномаи хуби пешазинтихоботӣ дорад. Беш аз ин вай ҷонибдори густаниши муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ӯзбакистон мебошад. Асосаш, вай дар бораи мардуми одии ӯзбек пурра маълумот дорад,- мегӯяд рӯзноманигор.

Дар ҳамин ҳол як қатор коршиносон мегӯянд, ки ба сари қудрат омадани Мирзиёев сиёсати хориҷӣ ва сиёсати дохилии Ӯзбакситонро тағийр намедиҳад.

Далели он ҳамкор будани Шавкат Мирзиёев бо Ислом Каримов мебошад. Онҳо 12 сол бо ҳам кор кардаанд ва президенти навбатӣ бо роҳи  собиқ президенти кишвар- Ислом Каримов меравад, қайд намуданд коршиносон.

Барчаспҳо:
муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ