12:31 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Корманди илмӣ дар МГИМО, адвокат Шарбатулло Содиқов

Шарбат Содиқов: барои чӣ сомонаи СААД ба тоҷикӣ нашр намешавад

© Фото: Официальная страница Шарбатулло Содикова в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Масъалаи амнияти минтақаҳои Осиёи Марказиро коршиносони МИГИМО муҳокима карданд. Ба гуфтаи олимон СААД бояд дар масъалаи иттилоотӣ фаъолтар шавад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik.Дар Донишгоҳи давлтаии муносибатҳои байналхалқии Маскав имрӯз конфронс "Дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ" баргузор гардид.

Шарбат Содиқов корманди илмии Маркази таҳлилии ИМИ МГИМО МИД РФ ба Sputnik Тоҷикистон нақл намуд, ки ҳамавақт бояд бо усулҳои репрессивӣ амал намуд.

"Агар ба касе аз Қатар маблағ равон кунанд,  ӯро дарҳол ба  ҳабси якумра равон мекунанд, ки ин хатост. Вай дар ин ҳолат ҳақиқати гапро намегӯяд. Бояд тафтишот бо вай ҳамкорӣ кунад- он вақт муайн мешавад, ки чанд нафар дар ин амал даст доранд",- гуфт коршинос.

Ҳамчунин вай боварӣ дорад, ки бояд дар байни аҳолии  кишварҳои аъзои СААд дар бораи ин ташкилот бештар маълумот дод.

"Барои чӣ сомонаи СААД бо забони тоҷикӣ нашр намешавад? СААД бояд ба воситаи иттилоот бо терроризм мубориза барад. Дар Осиёи Миёна радиои ДИИШ- радиои Халифат пахш мешавад, наход махкам кардани он мушкил бошад",- гуфт Содиқов.

Барчаспҳо:
иттилоот, амният, СААД, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ