00:20 25 феврали 2017
Пахши мустақим
Игор Коротченко. Акс аз бойгонӣ

Коротченко: нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд муносибати Туркияро бо Русия бад кунанд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
49 0 0

Игор Коротченко сармуҳаррири рӯзномаи “Национальная оборона” дар эфири радиои Sputnik Белорус куштори сафири Русияро дар Туркия ҳодисаи бесобиқаи таърихи навин хонд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ба гуфти коршинос терроризми байналмиллалӣ худро дар майдони берун аз тамаддун нишон дод. Куштори сафири рус бори дигар рӯи ҳақиқии нафаронеро нишон медиҳад,  ки мехоҳанд моро ба асри миёна баргардонанд.

"Ҳодиса аз ҷониби нафароне ташкил карда шудааст, ки намехоҳанд дар Сурия оромӣ шавад. Нафароне, ки ният доранд муносибати Русия ва Туркияро ба замоне, ки ба ҳавопаймои мо  ҳуҷум карда буданд, баргардонанд",-изҳор дошт Игор Коротченко дар мусоҳиба бо Sputnik Белорус.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ба сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов  ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода шуд. Собиқ аъзои пулис, Мавлюд Мерт Алтинташи 22 сола ба биное, ки он ҷо намоиши расмҳо доир мешуд, ворид шуда, зимни ба анҷом расонидани суханронии сафир ба пушташ тир холӣ кард.

Мавзуҳо:
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
Барчаспҳо:
Баррасии муносибати ду кишвар, марги сафири ФР дар Туркия, Игор Коротченко, Туркия, Русия