18:57 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Андрей Захватов. Акс аз бойгонӣ

Захватов: “Тоҷикистон баъди таҷрибаи Қирғизистон, Белорусро меомӯзад"

Из личного архива Захватова
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
12520

Санаи 26 декабр дар Санкт-Петербург саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар рафти он Кодекси гумрук ба имзо расид, баргузор шуд

Андрей Захватов коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи имкониятҳои воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ибрози андеша кард.

-Андрей Василевич 1 январи соли 2017 аз ташкили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ду сол пур мешавад. Шумораи аъзоёни Иттиҳод  ба панҷ кишвар расид. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Мавтиенко изҳор дошт, ки зиёда аз 40 кишвари дунё хостори  ҳамкорӣ бо иттиҳод ҳастанд. Пас барои чӣ Тоҷикистон барои ворид шудан шитоб надорад?

— Хостори ҳамкорӣ ва воридшавӣ ба иттиҳод мафҳумҳои ҷудогона аст. Кишварҳои хориҷ на бо Иттиҳоди АвруОсиё балки бо ширкатҳои истеҳсолии мушаххаси давлатҳои аъзо ҳамкорӣ ва тиҷорат мекунанд.

Аъзои Иттиҳоди АвруОсиё будан на танҳо ҳуқуқҳои васеъ доштан, балки ӯҳдадориҳои махсусро дар назар дорад. Дар сурати ба иттиҳод ворид шудан Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ ҳуқуқи бемамонияти кор дар дигар кишварҳоро фароҳам меоварад, вале аъзои он будан ин ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои муҳимро қабул кардан аст.

Чуноне маълум аст, аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои гуногуни Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 комиссия махсус ташкил карда шуд ва ҳамаи ҷиҳатҳои мусбату манфии воридшавӣ ба иттиҳод омӯхта шуданд. Ду сол гузашт ва қарор дар бораи воридшавӣ ҳанӯз қабул нашудааст.

Ба назари аввал ҳама чиз осон менамояд-ҷанбаҳои мусбӣ ва манфиро омӯхта қарор қабул кардан. Вале ман ба фикри аксари коршиносон дар ин ҷода розӣ ҳастам: эҳтимол манфиати тиҷорати бузурги хусусӣ дар Тоҷикистон бо манфиатҳои қисми зиёди аҳолии кишвар рост наомад. Аз ин рӯ дер боз Тоҷикистон оиди воридшавӣ қарор қабул намекунаду ба омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон, ки аллакай аъзои он аст, эътинод менамояд.

-Таҷрибаи Қирғизистон дар бораи чӣ мегӯяд?

— Ин таҷриба нишон медиҳад, ки баъди ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шумораи шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ва ҳаҷми маблағи интиқол, дар муддати ин вақт зиёд шудааст. Вале ҳаҷми савдои хориҷӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди АвруОсиё дар давоми нимсолаи 2016 то 68,3% паст шуд.

Ҳаҷми савдои дутарафа бо Русия низ кам шуда, танҳо 62,1%-ро ташкил дод. Ин рақамҳо дар саҳифаи расмии омори Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё оварда шудаанд.

Аввал ман ба ин рақамҳо бо нобоварӣ муносибат кардам, чун воридшавии Қирғизистон ба иттиҳод дар сатҳи баланд баҳогузорӣ мешуд. Вале баъдтар ин рақамҳоро дар торномаи расмии хадамоти гумрук дарёфт намуда, линкашро ба ҳуҷҷат дар шакли Exel дарёфтам.

Дар ҷадвали "Савдои хориҷии Федератсияи Русия дар кишварҳои асосӣ аз январ то октябри соли 2016-"метавон ҳаҷми доду гирифти Русия бо Қирғизистонро мувофиқи гумрук кам шуда, танҳо 85,9% аз ҳисоби ҳиҷми ҳамин давраи соли 2015 ташкил дод.

Аз нишондодҳои ҳамин ҷадвал бармеояд, ки ҳаҷми доду гирифти Тоҷикистону Русия дар ҳамин давра танҳо 81,3 фоизро ташкил дод. Ин нишондод бошад аз банйи кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин нишондод аст.

— Хулосааш чӣ мешавад?

— Чуноне аз ин иншондоди қариб ки ноаён бармеояд, Тоҷикистон чун шарики тиҷоратӣ ба Русия лозим нест. Барои Тоҷикистон бошад бозори иттиҳод чунин бузург аст, ки масалан агар ҳамаи маҳсулоти кишоварзиро аз кишвар интиқол диҳад, онро дар чанд минтақаи Русия дарав харидорӣ мекунанду боз иловагӣ металабанд.

Вале ташаккули Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё миёни шарикони наздик  низ бо мушкилӣ идома дорад. Ду моҳ қабл президенти Буларусия Александр Лукашенко Тоҷикистонро ба аъзогӣ даъват кард, вале баъди даст кашидан аз иштирок дар ҷаласаи 26-уми декабри  дар Санкт-Петербург, Тоҷикистон албатта боз шак пайдо мекунад.

Шубҳаи Тоҷикистон албатта зиёд мешавд. Сабаби дигараш  изҳороти Владимир Андрейченко раиси палатаи намояндагони Шӯрои миллии Белорус ва муовини аввали раиси Шӯрои парлумонии Русия ва Белорусия шуда метавонад, ки худи ҳамон рӯз дар Маскав гуфта буд: "Чунин менамояд, ки Иттиҳоди иқтисодӣ ба лоиҳаи сирф сиёсӣ табдил мегардад".  Аз ин рӯ соли 2017 Душанбе муддати дароз боз таҷрибаи Белорусро хоҳад омӯхт.

-Ақидаи шахсии шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

— Ман фикр мекунам, ки нишондоди пасти доду гирифти Тоҷикистон, мушкилоти иқтисодӣ ва шубҳаи ворид шудан ба иттиҳоди АвруОсиё падидаи муваққатӣ аст ва онро метавон паси сар кард. Бӯҳрони иқтисодие, ки имрӯз Тоҷикистонро фаро гирифтааст, асосан аз Русия интиқол ёфт.

Агар таҳримҳо аз Русия бардошта шаванд, ин ба Тоҷикистон низ таъсири мусбат мерасонад. Ман бо пешгӯии коршиноси машҳур оид ба кишварҳои ИДМ Аркадий Дубнов розиям, ки мегӯяд: "Тоҷикистон замоне ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад, агар аз ҷониби Маскав пешниҳоде шавад, ки Тоҷикистон онро рад карда натавонад". То ҷое ки маълум аст, чунин пешниҳод то ҳол аз ҷониби Маскав нашудааст.

Барчаспҳо:
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Андрей Захватов, Қирғизистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ