03:29 31 марти 2017
Пахши мустақим
Алишер Усмонов. Акс аз бойгонӣ

Пешгӯии Усмонов: Узбакистон бо Шавкат Мирзиёев ояндаи дурахшон дорад

© Sputnik / Михаил Климентьев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
19011

Алишер Усмонов миллиардери узбек бовар дорад, ки Шавкат Мирзиёев қодир аст, ҳама гуна мушкилотро ҳал кунад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Миллиардер Алишер Усмонов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" вазъияти сиёсию иқтисодии Узбакистонро таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев пешгӯӣ кард.

"Фикр мекунам, оянда хушбинона аст. Чун кишвар 25 сол дар роҳи соҳибистиқлолӣ буд, ва дар ин роҳ давлатро президенти аввалини Узбакистон роҳбарӣ мекард. Ҳозир шахсе, ки дорои таҷрибаи бойи роҳбарӣ аст интихоб гардид. Ба назари ман ӯ ҳамаи мушкилотро ҳал карда метавонад",-изҳор дошт ӯ.

Усмонов ҳамчунин қайд кард, ки аз узбек будан фахр мекунад.

"Дар ҳар коре, ки барои Узбакистон ва ба роҳбарияти он лозим бошам, ман омодаам. Ҳама вақт ва дар ҳар лаҳза. Ман ба Узбакистон, халқи он ва президенти мамлакат комёбиҳо таманно мекунам",-гуфт миллиардер.

Ӯ қайд намуд, ки омода аст дар Узбакистон сармоягузорӣ кунад, камаш "кушодани бунёди хайриявӣ барои роҳандозии лоиҳаҳое, ки ман дар Маскав ба роҳ мондаам".

Дар баробари ин Усмонов хостори сармоягузорӣ дар соҳаи иқтисодии кишвар шуд.

"Барои соҳаи иқтисод-ин гапи дигар, ин ҳасоботи алоҳида аст. Доим омодаам",-изҳор дошт ӯ.

Қаблан оҷонсии Reuters бо такя ба манбаҳои худӣ гуфта буд, ки соҳибкори рус Алишер Усмонов ба роҳбарияти сиёсии Узбакистон таъсири бузург дорад.

Мавзуъ

Сергей Лебедев: Ғарб бояд аз Узбакистон сабақ гирад
Дар Узбакистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда мешавад
Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, Алишер Усмонов, Узбакистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ