04:48 17 августи 2017
Пахши мустақим
Сиёсатшиноси лаҳистонӣ Яқуб Корейба. Акс аз бойгонӣ

Яқуб Корейба: Аврупо бояд аз "меҳмоннавозӣ" даст кашад

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
5911

Сиёсатшиноси лаҳистонӣ Яқуб Корейба мегӯяд, ки мақомоти Аврупо бояд байни меҳмоннавозӣ ва амният якеро интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамоно дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳои Аврупо қарор дорад.

Ба фикри сиёсатшинос муҳоҷирон ва гурезагонро бояд аз ҳам фарқ кард. Аврупо маҷбур аст гурезагонро қабул кунад. Нисбати муҳоҷирон бошад, бояд низоми интихобӣ бошад.

"Имрӯз бояд миёни принсипҳои озодии муҳоҷирон, меҳмоннавозӣ ва амният бояд интихоб кард",-мегӯяд сиёсатшинос.

"Амният муҳимтар аз ҳама аст",-қайд кард Яқуб дар сӯҳбат бо радиои Sputnik  Латвия.

Ба гуфти ӯ аксари муҳоҷирон натанҳо фарҳанги аврупоиёнро қабул надоранд, балки қавонини кишарҳоро риоя намекунанд.

Мушкилоти асосӣ маҳз дар ҳамин нуҳуфтааст. "Аз нигоҳи ман, нажод, миллат, дин муҳим нест. Вале вақте, ту ба кишвари дигар меравӣ, ё қонунро риоя мекунӣ ё не",-илова кард сиёсатшинос.

Мавзуъ

Коршинос: ЭврАзЭс дар 4 сол кореро кард, ки Иттиҳоди Аврупо тӯли 60 сол натавонист
Суди Аврупо аризаи волидони мусалмонро рад кард
Земан: мусулмонон намехоҳанд бо ҷомеаи Аврупо якҷо шаванд
Барчаспҳо:
меҳмоннавозӣ, муҳоҷират, Яқуб Корейба, Аврупо

Мавзӯъҳои асосӣ