19:49 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Директори генералии маркази таҳлӣ оид ба масъалаҳои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ Сергей Рекеда

Барои чӣ Путин ба Узбакистон нарафт: шарҳи коршинос

© Foto: Содружество
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
43011

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба се кишвари Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Коршиносон кӯшиш доранд, сабаби ба Узбакистон нарафтани Путинро муайян намоянд.

Директори генералии  маркази таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сиёсии давлатҳои пасошӯравӣ Сергей Рекеда, дар сӯҳбат бо Sputnik Узбакистон гуфт, ки Путин аллакай дар Узбакистон буд.

"Президенти Русия баъди марги аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов, бо изҳори ҳурмат ва бо нияти аз наздик шинос шудан бо Шавкат Мирзиёев ба Узбакистон сафар карда буд".

Дар ҳоли ҳозир сафари Путин ба Узбакистон то боздиди раисҷумҳури Узбакистон аз Маскав, ба таъхир гузошта шудааст.

"Дар нақша ҳаст, вале баъдтар"-гуфт коршинос.

Ба қавли сиёсатшинос ин масъала хусусияти сиёсӣ-равонӣ дорад. Владимир Путин дар ҳоли ҳозир сафар ба Узбакистонро зарур намешуморад.

Барчаспҳо:
сафари Путин ба Узбакистон, Владимир Путин, Узбакистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ