19:45 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Амири Бухоро Сайид Олимхон дар Санкт-Петербург- соли 1913

Оё амир Олимхон васият карда буд оромгоҳашро ба Ҳисор бибаранд?

© Sputnik / РИА Новости
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
99331

Туҳфа Аҳмадова мегӯяд ки бо духтари амир Олимхон дидор дошта ва аз ӯ шунида ки амир Олимхон васият карда оромгоҳашро ба Ҳисори Тоҷикистон бибаранд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мавзуъи кӯч додани оромгоҳи вопасин подшоҳи Бухоро аз дудмони Манғития амир Олимхон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баҳси домандореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ин мавзуъ дар яке аз гурӯҳҳои Facebook матраҳ шуд ва ҳамвандони он ҳар касе аз дидгоҳи худ ба баҳсу баррасӣ пардохтанд. Яке Олимхонро амире ноуҳдабаро хонда, вале дигаре гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун вориси давлатдории Бухоро, ки давлати тоҷикӣ шумурда мешавад, марқади Амир Олимхонро дар қаламраваш ҷой  диҳад.

Бахтовар Бобоҷонов, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ аз бадиҳои ин амир ёдовар шуда, мегӯяд бояд ин гуна амирон на танҳо ба хоки тоҷикон роҳ дода нашаванд, балки ба "гӯрашон туф бояд кард".

Бархе ин мавзуъро на аз нигоҳи сиёсӣ ва ё торихӣ, балки бо нигарише динӣ баррсӣ карда гуфтаанд, ки ислом кӯч додани марқадро раво намедорад.

Боре, Туҳфа Аҳмадова ном корбари он шабака менависад, ки бо духтари амир Олимхон дидор дошта ва аз ӯ шунидааст, ки амир Олимхон васият карда ки оромгоҳашро ба Ҳисори Тоҷикистон бибаранд.

Вале ширкаткунандагон дар ин баҳс аксаран аз бадиҳои низоми подшоҳӣ ва амирон ёдовар шуда, хоки Тоҷикистонро ҳайфи "амири қориишкамбаҳо" донистаанд.

Сайид Мир Муҳаммад Олимхон — охирони амири дудмони Манғития 3 январи соли 1880 дар Бухоро дар хонаводаи амир Сайид Абдулаҳадхон ба дунё омадааст. Падари вай дар солҳои 1885 —1910 амири Бухоро буд.

Олимхон аас аз марги падар дар соли 1910 ба тахт нишаст. Ӯро Артиши Сурх 2 сентябри соли 1920 сарнагун кард ва амир роҳи Афғонистонро пеш гирифт ва то охири умр дар Кобул ба сар бурд.

Ба гуфте амир Олимхон гӯё васият карда ки агар имконият шуд оромгоҳашро ба Бухоро интиқол диҳанд. Ба гуфтаи духтараш, чуноне ки болотар ёд шуд, амир Олимхон васаият кардааст, ки турбаташро ба Ҳисори Тоҷикистон баранд.

Барчаспҳо:
кӯч додани оромгоҳ, Амир Олимхон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ