01:27 31 марти 2017
Пахши мустақим
Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ

Камбуди пул монеъи сафари ҳаҷҷи мусулмонони Тоҷикистон шуд

© Flickr/ Citizen59
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
24510

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои мусулмон - ҳаҷҷ, барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дастнорас мешавад

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Теъдоди мусофирони ҳаҷҷ аз Тоҷикистон имсол камтар шудааст. Чунончи, шаҳрдории Хуҷанд то кунун камтар аз сад дархост барои сафари ҳаҷҷ дарёфт кардааст.

Далели аслии коҳиши теъдоди мусофирони ҳаҷҷ дар Тоҷикистон мушкилоти молӣ дар кишвар аст. Буҳрони ҷаҳонӣ ва коҳиши нархи сомонӣ, сафари ҳаҷҷро барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дастнорас кард. Вале мушкил танҳо ин нест, зеро қимати сафари ҳаҷҷ дар оянда на танҳо дар Тоҷикистон ки дар дигар кишварҳои мусулмоннишин ҳам гаронтар хоҳад шуд.

Дамир Муҳиддинов, муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия, мегӯяд, ки имсол қимати сафари ҳаҷҷ на камтар аз 10 дарсад афзоиш хоҳад ёфт: "Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар Тоҷикистон зудтар аз Русия буруз кард. Ҳамин як ду рӯз пеш яке аз муовинони раиси Шурои муфтиёни Русия Равил Айнуддин, ки масоили сафари ҳаҷҷро бо Арабистони Саудӣ баррасӣ мекунад, аз он кишвар баргашт. Вай аз вазири саудӣ шунида, ки имсол нархи хадамоти ҳаҷҷ ҷиддан бознигарӣ хоҳанд шуд. Қимати сафари ҳаҷҷ на камтар аз 10 дарсад гарон хоҳад шуд".

Ба гуфти вай, Арабистон дар назар дорад Масҷид ул-Ҳаромро таъмиру навсозӣ кунад, ки иҷрои ин тарҳ бар қимати сафари ҳаҷҷ таъсир хоҳад дошт. 

"Далели тасмимгирии якҷонибаи Арабистони Саудӣ барои афзоиши қимати сафари ҳаҷҷ ин аст ки тарҳи таъмиру навсозии Масҷид ул-Ҳаром бо буҳрони молӣ рӯбарӯ шудааст. Масъулини Арабистон мегӯянд, ки будҷаи кишвар барои иҷрои ин "тарҳи аср" пул надоранд", — гуфт шайх муҳиддинов дар гуфтугӯ бо Спутник.

Вай афзуд: "Гарчи ҳарфе аз "пул надоштан" аз саудиҳо шигифтовар аст, вале мавзеъгирии расмии саудиҳо ҳамин аст, ки мехоҳанд ҳар як ҳоҷиро дар иҷрои тарҳи бозсозии Масҷид ул-Ҳаром саҳиму шарик кунанд. Аз ин рӯ, қимати сафари ҳаҷҷро афзоиш медиҳанд".

Масҷид ул-Ҳаром охирин бор дар солҳои 2007 то 2012 таъмиру навсозӣ шуда буд. Он тарҳро, ки ҳазинааш 10 милёрд дулори амрикоӣ шуда буд, малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз шахсан назорат мекард. Вале тарҳ комилан иҷро нашуд ва сохтусоз дар атрофи масҷид боз чанд сол идома ёфт. Дар раванди ҳамин сохтусоз буд ки соли 2015 гаронбар ё кране бар рӯи ҳоҷиён афтоду 107 касро кушт. Афзун бар ин, ҳар сол ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷҷ, аз он ҷумла, анҷоми маросими "рамӣ ал-ҷамарот" (сангандозӣ ба сӯи ҷамара ё иблис), садҳо ҳоҷӣ дар асари издиҳоми ҷамъият ҷонашонро аз даст медиҳанд. Чунончи, дар издиҳоми соли 2015, 2236 ҳоҷӣ ҷон бохта буд.

Бояд гуфт, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳам кӯшиш мекунад, ки амнияти ҳоҷиёнро таъмин кунанд ва шароити муносиб барои иҷрои маносики ҳаҷҷ фароҳам оваранд. Масалан, барои ҳоҷиён аз чодарҳои брезентии насӯз хайма месозанд (дар оташсӯзие ки соли 1997 дар Макка рух дода буд, 340 ҳоҷӣ кушта шуда буд), оби ошомиданӣ медиҳанд ва дар масҷидҳо дастгоҳҳои таҳвия насб мекунанд.

Вазири умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ Муҳаммад Солеҳ Бантан моҳи феврал гуфта буд, ки дар соли 2017 ин кишвар шароити беҳдошт дар макони зист ва хӯрокхӯрӣ, таҷҳизоти иртибототи меҳмонхонаҳо ва зерсохтори ҳамлу нақлро беҳинасозӣ хоҳад кард.

Вале акнун саудиҳо омода нестанд кулли ҳазинаҳои ин беҳинасозиро худ пардохт кунанд, балки мехоҳанд онро бо ҳоҷиён тақсим кунанд.

Дамир Муҳиддинов мегӯяд: "Кишварҳое, ки бисёре аз шаҳрвандонашон ҳаҷҷ мераванд, низ афзоиши ҷаҳишосои қимати сафари ҳаҷҷро эҳсос хоҳанд кард. Қиматҳои қаблиро дар сурате метавон нигаҳ дошт, ки агар ҳоҷиёнро бо роҳҳое дигар, ҷуз аз роҳи ҳавоӣ ба Макка баранд. Ва ё ин ки иқомат дар меҳмонхонаро арзонтар кунанд".

Вале чунин чораҳо бештар кишварҳоеро ба кор меоянд, ки бо Арабистони Саудӣ ҳамсоя ҳастанд ва ё дар фосилае наздик ба он ҷой доранд. Аммо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Арабистон беш аз 4 ҳазор килуметр фосила доранд. Аз ин рӯ, ҳазинаи рафту баргашт аз роҳи заминӣ басе гаронтар аз ҳавопаймо хоҳад шуд ки ҳамин акнун ҳам чандон арзон ҳам нест.

Дар зимн, бисёре аз ҳоҷиён аз натоиҷи бозсозии Масҷид ум-Ҳаром гила доранд. Чунончи, мегӯянд, сохтусози густарда ва тӯдаҳое созмоннаёфта аз ҳоҷиён боис мешавад ки намозгузорон қибларо намебинанд ва рӯ ба дигар сӯ саҷда мекунанд.

Ҳамчунин ҳоҷиён мақомоти саудиро муттаҳам ба тиҷорисозии ин макони муқаддас мекунанд. Дар 10 — 15 соли ахир сохтусози манзил дар Макка афзоиш ёфта ва ҳотелҳои панҷситора ва фурӯшгоҳҳои бузург сол аз сол ба Каъба наздиктар сохта мешаванд. Қимати пояи як метри муррабаъ манзил дар сохтмоҳои навсоз аз 200 ҳазор дулор шуруъ мешавад.

Бино бар додаҳои Идораи кулли омори Арабистони Саудӣ, порсол 1,8 милюн мусулмон барои адои ҳаҷҷ ба ин кишвар сафар карда буд, ки ин теъдод камтарин рақам дар 10 соли ахир аст.

Мавзуъ

Хушхабар: муҳоҷирон метавонанд аз Русия ба Ҳаҷ раванд
Шумораи квотаи Ҳаҷ ба шаҳрвандони Русия зиёд карда шуд
Ҳаҷ-2015: 186 нафар аз Хуҷанд аввали сентябр ба Ҷидда парвоз мекунанд
Барчаспҳо:
ҳаҷҷ, Дамир Муҳиддинов, Каъба, Масҷид ул-Ҳаром, Макка, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ