08:32 26 июни 2017
Пахши мустақим
Дмитрий Попов, роҳбари маркази тадқиқотии Урал. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: Амрико мехоҳад рӯҳияи эътирозии Тоҷикистонро санҷад

© Фото: Предоставлено Дмитрием Поповым
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Департаменти давлатии ИМА барои гузаронидани тадқиқоти бузурги сотсиалогӣ дар Тоҷикистон омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тадқиқотчиёнро ҳукумати Амрико тариқи озмун интихоб мекунад. Эълон дар бораи баргузории озмун аллакай дар торномаи расмии давлатии ИМА пайдо шуд.

Порсол чунин тадқиқотҳо дар Украина ва Қазоқистон гузаронида шуданд.

Ба гуфти коршиноси Донишгоҳи тадқиқотии Русия Дмитрий Попов, Амрико мехоҳад, рӯҳияи эътирозиро дар кишвар омӯхта, ба вазъияти дохилӣ таъсири манфӣ расонад.

"Аз ҷониби дигар эҳтимол онҳо мехоҳанд, самти ёрии башардӯстонаро муайян кунанд. Вале талабот барои ширкатҳои пурсанда хеле ҷиддӣ аст. Натиҷаҳои тадқиқот бояд дар расонаҳо нашр шавад".

Барчаспҳо:
тадқиқот, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ