10:55 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Тадқиқоти илмӣ. Акс аз бойгонӣ

Мамадшо Илолов: музди кам донишмандони ҷавони тоҷикро аз пажӯҳиш дур мекунад

© Sputnik /
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
28933

Донишмандони ҷавон наметавонанд бе пуштибонии молии давлат ва фанновариҳои нав пажӯҳишҳои илмӣ анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо донишмандону фарҳангиёни кишвар бар ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву пажӯҳиш таъкид кард. Вале ҷавонон худ чандон кӯшишу талош дар ин замина надоранд.

"Бисёр хуб аст, ки раҳбарии кишвар ба донишпажӯҳони ҷавон таваҷҷуҳ кардааст. Аммо ҷавонон ба донишу пажӯҳиш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ чандон таваҷҷуҳ надоранд, — гуфт академик Мамадшо Илолов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ва афзуд: Ҷавонон мехоҳанд зуд сарватманд шаванд. Вале донишу пажӯҳиш корест масъулиятталаб ва дар ин замина пешрафтҳо ба зудӣ ба даст намеоянд".

Ба гуфти вай, музди ками пажӯҳигарони ҷавон, ки метавонанд, насли нави олимони боистеъдодро ташкил кунанд, онҳоро аз роҳи илм дур мекунад. Касоне ҳам, ки мехоҳанд зиндагии худро вақфи илмҳои табиӣ ё риёзӣ кунанд, бо мушкилоти фаннӣ ва набуди имконот барои иҷрои тарҳҳои худ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба гуфти академик Илолов, яке аз мушкилоти аслӣ дар ин замина нарасидани таҷҳизоти модерн барои анҷоми пажӯҳишҳо аст. "Аксари донишгоҳҳо дастгоҳҳои модерне надоранд, ки бе онҳо пажӯҳишҳои илмиро аслан наметавон анҷом дод".

Давлати Тоҷикистон дар назар дорад дар соли 2017 барои маорифу илм 24 дарсад аз будҷаи кишварро ҳазина кунад.

Мавзуъ

Аввалин ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон
Нахустин ҷарроҳии шоҳраг дар беморхонаи Ибни Синои Душанбе
16 ҳазор сомонии ҳукумати Хуҷанд барои ҷарроҳии сокини шаҳр
Барчаспҳо:
пажӯҳиш, дониш, Мамадшо Илолов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ