03:34 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Дмитрий Попов, роҳбари маркази тадқиқотии донишгоҳи Урал

Коршинос: душманони Тоҷикистон бояд аз нерӯи пойгоҳи 201 ҳарос дошта бошанд

© Фото: Предоставлено Дмитрием Поповым
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
8702

Дмитрий Попов, коршиноси умури кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи масоили роҳбурдии Русия, бар ин бовар аст, ки душманони Тоҷикистон бояд аз нерӯи пойгоҳи низомии 201 ҳарос дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон размоиши муштарки нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистону Русия оғоз шуд, ки то 30 март идома хоҳад дошт.

Дмитрий Попов дар суҳбат бо родю Sputnik гуфт: "Басомади размоишҳои пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон бештар шудааст. Афзоиши тавони низомӣ вокуниш ба раванди нохушояндест ки ин авохир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва вилоятҳои шимолии он кишвар мушоҳида мекунем".

"Нерӯҳое ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад доранд, бояд бидонанд, ки пойгоҳи Русия нерӯе муҳибест, ки қудраташ рӯз аз рӯз афзунтар мешавад", — таъкид кард вай.

Ин коршинос муътақид аст, ки душманони Тоҷикистон бояд аз нерӯи пойгоҳи 201 ҳарос дошта бошанд.

Барчаспҳо:
размоиш, пойгоҳи 201, размоиш, пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон, Дмитрий Попов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ