22:27 27 июни 2017
Пахши мустақим
Коршиноси масоили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов: ақидаи Худойбердӣ Холиқназарро дар бораи озодии баён қабул надорам

© Фото: Акс аз бойгонӣ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
26131

Коршиноси маъруфи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов фикру ақидаҳои худро дар бораи озодии баён ва қонунгузории Тоҷикистон, таъсири созмонҳои хориҷӣ бар вазъи озодии сухан дар кишвар иброз намуда, пешниҳод мекунад, ки озодии баён яке аз стратегияҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон эълон гардад

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. 3-уми май Рӯзи ҷаҳонии озодии баён эълом шудааст. Sputnik Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии баён мусоҳибае бо коршиноси масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов баргузор карда ки онро пешкаши хонандагон мекунад.

Озодии баён ба назари Шумо чӣ маъниву мафҳуме дорад?

Моҳияти озодии баён дар он аст, ки шаҳрвандон ва созмонҳои сиёсию иҷтимоӣ битавонанд озодона дар бораи рухдодҳои дохилӣ ва падидаҳои хориҷӣ аз матбуот ва дигар расонаҳо хабару иттилоъ дарёфт кунанд ва дидгоҳашонро бе тарсу ҳарос иброз кунанд. Ба хусус, шаҳрвандон набояд барои баёни ақида ва нуқтаи назари интиқоди худ, новобаста аз мақоми иҷтимоияшон, ҳеч пайомадеро бар зарари манфиатҳояшон эҳсос кунанд.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки ҳадди озодии баён ба сатҳи фарҳанги сиёсӣ, иродаи сиёсӣ ва мазмуни қонунгузорӣ низ вобаста аст.

Дар кишварҳои мутаммадину муваффақ маҳз озодии баён шарти асосии такмили низоми демократӣ будааст. Вале дар кишварҳое, ки режими сиёсияшон авторитарӣ ё тоталитарӣ, яъне худкома ва тамомиятхоҳ мебошад, бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки озодии баён ва дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотиро маҳдуд намуда, шаффофияту самаранокии давлатдориро халалдор намоянд.

Худойбердӣ Холиқназар дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфта буд, "Озодии беш аз ҳадди баён барои ҷомеаи Тоҷикистон зиёновар аст". Оё ба назари Шумо ин гуфта дуруст аст?

Ман ақидаи Худойбердӣ Холиқназарро қабул надорам. Баръакс, барои беҳтару бештар кардани масъулияти давлатдорон мувофиқи мақсад аст, ки дар Тоҷикистон раҳбарии сиёсии кишвар бо истифода аз тамоми ваколату салоҳиятҳояш амнияти расонанигорон ва шаҳрвандонро дар робита ба озодии баён кафолат диҳад ва ба манзури такмилу ислоҳи заминаҳои хуқуқии матбуоти даврӣ ва воситахои дигари ахбори омма тадбирҳои мушаххасро анҷом дихад.

Маҳз озодии баён метавонад вазъи вокеӣ ва масъалаҳои гуногунро ошкор намуда, таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлатро ба ҳалли онҳо ҳамчун воситаи алтернативӣ ҷалб намояд. Бояд таъкид кард, ки пайомадҳои суъистифода аз озодии баёнро бо дар назардошти тааҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар санадҳои марбутаи танзимкунанда бояд муқаррар намояд.

Оё пуштибонии созмонҳову расонаҳои хориҷӣ аз озодии баён дар Тоҷикистон вазъро тағйир дод ё надод?

Бегумон вокунишҳои созмонҳои хориҷӣ ва бархе аз кишварҳо ба муҳити иттилоотии Тоҷикистон ва ба хусус ниҳодҳое, ки бо озодии баён робита доранд, таъсир мерасонад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба нуфузи бархе аз кишварҳо дар минтақа, гоҳе чунин ба назар мерасад, ки на ҳамеша таҷрибаи пешқадами онҳо, балки равандҳои ғайридемократӣ амалӣ мешаванд, ки нигаронии расонаҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро дар пай дорад.

Оё қонунҳое ҳастанд, ки расман дар Тоҷикистон озодии баёнро маҳдуд кунанд?

Мушкилоти Тоҷикистон дар он аст, ки миёни санадҳои ҳуқуқӣ ва иҷрои онҳо тафовути зиёд вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин, то ҳол бар хилофи тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар қонунҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ, ҳамчунин қонунҳои расонаҳо меъёрҳое, ки маҳдудии озодии баёнро бозтоб медиҳанд, ҳамчунон эътибори худро нигоҳ доштаанд.

Сензураи ғайрирасмӣ, набудани кафолати иҷтимоӣ, амниятӣ ва хуқукӣ, ба хусус аз мақомоти молиёт ва дигар мақомотҳои давлатӣ вобаста будани нашрияю расонаҳо низ сатҳ ва сифати озодии байёнро дар Тоҷикистон халалдор мекунанд.

Озодии баён дар Тоҷикистон дар кадом замон бештар буд: дар замони шӯравӣ ё дар замони истиқлол?

Дар охирҳои замони Шуравӣ озодии баён дар муқоиса аз замони истиқлол бештар буд. Аммо то оғози сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнии Горбачев озодии баён таҳти назорати ҳизби коммунист ва мақомоти амниятӣ буд.

Аз ин рӯ, барои расидан ба ормонҳои миллӣ ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон, ташаккули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии ибтикорҳои созандаи онҳо, инчунин таҳкими арзишҳои демократӣ, озодии баён бояд яке аз стратегияҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон эълон гардад.

Мавзуъ

Коршиносон бар онанд, ки расонаҳои тоҷикӣ “озоданд”
Барчаспҳо:
озодии баён, Шокирҷон Ҳакимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ