22:14 16 августи 2017
Пахши мустақим
Умед Джайхани

Ёде аз солгарди оғозу анҷоми ҷанг дар Тоҷикистон

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
20561

Бисту панҷ сол пеш аз ин дар ҳамин рӯз, 5 маи соли 1992, ҷанге оғоз шуда буд, ки дар торих чун "ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон" ёд мешавад. Аммо бархе аз пажӯҳишгарон бо ҷустор дар пешзаминаҳо ва пайомадҳои он ҷанг, он рӯйдодро "ҷанги таҳмилӣ" мешуморанд.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Дар ин бора бисёр гуфтаву навишта шудааст ва дидгоҳҳо гуногун ҳастанд. Вале тоҷикон он ҷангро дувумин фоҷиъаи бузурге медонад, ки дар садаи бистум аз сар гузарондаанд.

Имсол аз анҷом ёфтани он ҷанг низ 20 сол сипарӣ мешавад. Ин солгард дар Тоҷикистон чун Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳе фаровон ҷашн гирифта хоҳад шуд. Вале аз далоилу заминаҳову рафти он ҷанг камтар касе ёд мекунад, гарчи пайомадҳояш то дер замоне домангирамон хоҳанд буд. Бархе ҳам кӯшиш мекунанд, ки хотираи он ҷанг аз ёдҳо зудуда шавад, аммо чуноне, ки маълум аст, миллате, ки гузаштаашро фаромӯш кунад, ояндае нахоҳад дошт. Аз ин рӯ муҳим аст, ки мо аз он ҷанг сабақ бигирем то он иштибоҳро дигар такрор накунем. Дар он ҷанг ҳар касе, ки кушта шуда, шаҳрванди Тоҷикистон буда, бино бар ин, миллат бояд торихашро посу ёди шаҳидонашро гиромӣ дорад. Яке аз василаҳои зиндаву поё нигаҳ доштани ҳофизаи торихӣ офаридани ёдгориҳои ҳунариву фарҳангӣ, аз ҷумла гузоштани тандис ё муҷассама ба ёди рухдодҳои торихист.  

Ман солҳо боз орзу дорам, ки дар Майдони Шаҳидон дар Абарканд тандисе бигзорем аз санги хоро. Тандисе, ки намоди ҷанги Рустаму Суҳроб бошад. Тандисе аз ҷанги падару писар чун намоде аз ҷанги тоҷик бо тоҷик. Тандисе, ки Суҳробро кушта ба дасти падар ва Рустамро кушта аз марги писар ва Таҳминаро сӯхта дар сӯги фарзанд нишон диҳад. Тандисе пур аз дарду сӯгу «пур оби чашм», ки ҳар дили нозукеро биёрад ба хашм… Тандисе ойинавор, ки ҳар касе дар он бингарад, худро дар он бинад, кушта ба дасти худро дар он ёбад ва худро низ кушта ба дасти дигаре дарёбад… Тандисе, ки намоди пушаймониву тавбаи ҷангидагон ва панду андарзе барои ояндагон бошад барои зиндагӣ дар кишваре озоду орому обод… Орзу дорам, ки ин тандис ёдгоре шавад барои камубеш 150 ҳазор шаҳид, ки бештарашон беному нишону гӯру кафананд…

Худованд биёмурзад онҳоро ва бибахшояд моро ва озоду орому обод нигаҳ дорад кишварамонро!

Мавзуъ

Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?
Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон аст
Барчаспҳо:
ҷанг, тандис, солгард, Умед Ҷайҳонӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ