22:27 27 июни 2017
Пахши мустақим
Раисыумщури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп

Бо Раҳмон намешавад: чаро дастфишории Трамп бар раисҷумҳури Тоҷикистон асару таъсире накард

© Фото: Пресс-служба президента Таджикистана
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
18310

Расонаҳои Ғарб ҳадс мезананд, ки чаро дастфишории хасмонаи Доналд Трамп раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти таъсир қарор надод

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Аз мулоқоти ташрифотии раисҷумҳурҳои Тоҷикистон ва ИМА чанд рӯз гузашта, вале расонаҳои Ғарб то ҳол дастфишории Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трампро баҳсу баррасӣ мекунанд.

Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои арабиву мусулмонӣ ва ИМА, ки дар пойтахти подшоҳии Арабистони Саудӣ Риёз баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми салом кардан бо Доналд Трамп "дастболо шуд".

Раисҷумҳури Амрико одат дорад ки ҳангоми салом кардан дасти тарафи муқобилашро сахт фишор дода ӯро ба сӯи худаш бикашад. Вай мехост бо раҳбари Тоҷикистон низ ҳамин гуна салом кунад. Вале Эмомалӣ Раҳмон таодулашро аз даст надод ва бо қотеъият дасти Трампро фишурду ӯро ба сӯи худ кашид.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ин даст додани сарони ду кишварро "мусобиқаи дастфишорӣ" хонданд ва Эмомалӣ Раҳмонро дар он пирӯз донистанд.

"Аз рӯзе, ки Доналд Трамп 45-умин раисҷумҳури ИМА шуда, дар бораи дастфишориҳои вай ҳангоми мулоқотҳо дар расонаҳо матлабҳои дуру дарозе навишта шудаанд", — менависад вебгоҳи Global Voices.

Бисёре аз роҳбарон ҳангоми мулоқот бо Трамп дар ҳақиқат ба доми вай меафтанд. Трамп бо ин "шӯхиҳояш" ҷуръат мекунад, ки  ҳамсуҳбаташро ба сӯи худ кашад, агар нашавад раисҷумҳури ИМА кӯшиш мекунад, ки бо ангуштонаш каме болотар аз банди дастони ҳамсуҳбаташро бигирад.

Чунончи, рӯзномаи Independent навиштааст, ки бо ин гуна дастфишорӣ Трамп мехоҳад вижагиҳои сиёсатии хориҷи Амрикоро намоиш диҳад.

"Вай медонад, ки аксҳои саломи мулоқотҳоро дар саросари ҷаҳон мебинанд, ки дар онҳо вай чун шахси бартар ба назар расад", — омадааст дар мақола.

Аммо новобаста ба ҳадафу хоҳишҳои Трамп, ин вазъ дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон такрор нашуд, ки "сад дарсад дар ин мусобиқаи дастфишорӣ бар Трамп чира шуд".

Пеш аз ин танҳо нахуствазири Конода Ҷастин Трудо тавониста буд дар дастфишорӣ бо Трамп дастболо шавад.

"Раҳмон нишон дод, ки муваффақияти вай аз дигарон камтар нест", — гуфта мешавад дар он гузориш.

Гузоришгар гуфта, ки ҳарчанд Раҳмонро низ чун Трамп аз таваҷҷуҳи аккосон хуш меояд ва ӯ низ метавонад пеши дурбин хуб бидурахшад, вале миёни ду сиёсатмадорон як тафовути муҳим аст: Раҳмон аз имтиёзҳое истифода набурда, балки медонад, ки чигуна дар чунин дастфишориҳо дастболо шавад.

Барчаспҳо:
дастфишонӣ, мулоқот, нишасти сарони кишварҳои арабиву мусалмонӣ ва ИМА, Доналд Трамп, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ