19:37 18 октябри 2017
Пахши мустақим
Қироати Қуръон. Акс аз бойгонӣ

Аббосов: қориҳои тоҷик Каломуллоҳро бо овози дилнишинашон ороиш медиҳанд

© Sputnik / Саид Царнаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
8401

Муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия Рӯшан Аббосов тоҷиконро ба Хаймаи Рамазон даъват кард

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Аббосов аз ширкати мусулмонони Русия дар ҳаёти динӣ ёдовар шуда, нақши тоҷиконро дар густариши ислом ва фарҳанги мусулмониро барҷаста хонд.

"Тоҷикон ҳануз ҳам нақши созанда доранд. Чунончи, бисёре аз қориҳо ва олимони Қуръони маҷид дар Русия аз Тоҷикистон ҳастанд. Қориҳои тоҷик Каломуллоҳро бо овози дилнишину гӯшнавозашон ороиш медиҳанд. Ҳамин як далел худ гувоҳ бар пешрафти мактаби ҳифзу қироати Қуръони карим дар Тоҷикистон аст", — таъкид кард вай.

Домулло Рӯшан Аббосов ҳамаи тоҷиконро ба "Масҷиди ёдбуди шуҳадо", ки дар Поклонная гора (хиёбони Минская, 2Б) ҷой дорад ба "Хаймаи Рамазон" даъват кард.

"Тоҷикистон 3 июн дар  "Хаймаи Рамазон" ифтор барпо мекунад. Хайма дарашро соати 21:05 ба рӯи рӯзадорон боз хоҳад кард", — гуфт Рӯшан Аббосов.

Мавзуъ

Ҷашнвораи Қуръон ва намоиши мӯи мубораки Ҳазрати Муҳаммад (с) дар Маскав
Дар Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷашнвораи Қуръон баргузор мешавад
Иштироки се қории навраси “Қуръон” аз Тоҷикистон дар Арабистон
Путин пешниҳод кард, оятҳои Қуръон дигар "экстремистӣ" эълон нашавад
Олимон саҳифаҳои "Қуръон"-и қадимтарин дар ҷаҳонро ба намоиш гузоштанд
Барчаспҳо:
озмуни қироати "Қуръон", Рӯшан Аббосов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ