22:26 27 июни 2017
Пахши мустақим
Абдулло Давлатов, акс аз бойгонӣ

Абдулло Давлатов: мо бо ифтихор Синоро тоҷик мегӯем, аммо...

© Sputnik / Руслан Кривобок
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
65392

Дар ҳошияи фаро расидани моҳи шарифи Рамазон Spunik Тоҷикистон бо пизишки машҳури тоҷик Абдулло Давлатов дар бораи суд ва зарар, реҷаи таомхӯрӣ, парҳез ва пурхӯрӣ дар ҳангоми рӯзадорӣ сӯҳбат кард

Рӯзадорӣ аз дидгоҳи улуми пизишкӣ чӣ суд ва ё зиёне дорад?

Дар замони шуравӣ табибоне буданд, ки кӯшиш мекарданд аз зарари рӯзадорӣ бигӯянд ва бештар куллигӯӣ мекарданд. Пас аз фурӯпошии шуравӣ табибон кӯшиш карданд, ки аз фоидаҳои он бигӯянд, аммо онҳо низ куллигӯӣ мекарданд ва далелҳои заиф меоварданд.

Вале соли гузашта далелҳои қавие пайдо шуданд, ки фоидаҳои рӯзагириро исбот мекунад. Олимони ҷопонӣ ва амрикоӣ бо исботи ин падида барандаи ҷоизаи Нобел шуданд. Бояд таъкид кунам, ки онҳо мусулмон набуданд.

Олимон  исбот карданд, ки гуруснанишинӣ барои бадан бисёр ҳам муфид будааст. Соли гузашта олими ҷопонӣ Ёсинорӣ Осуми бо исботи фоидаҳои механизм ё раванди аутофагия ё худхорӣ барандаи ҷоизаи Нобел гашт.

Аутофагия — вожаест юнонӣ ба маънои "худхорӣ" — "авто" — "худ" ва "фагус" — "хӯрдан" аст.

Осуми собит кард, ки агар инсон гурусна монад, ҳуҷайраҳои бадан, моддаҳоеро, ки дар бадани инсон захира шуда мондаанду фоидае надоранд, балки зарар доранд, "мехӯранд".  Ё ки моддаҳоеро, ки ба ҳар роҳе вориди бадан шуданду дохили ҳуҷайраҳо ҷой гирифтаанд ё дар рӯда, дар пардаи шикам ё ки ба таври чарбу захира шудаанд, ҳангоми гурусна мондан организм онҳоро мехӯрдааст.

Ғайр аз ин ба воситаи гурусна мондан метавон вирус ва бактерияҳоро низ нобуд кард, ки ба бадани инсон пештар ба воситаи хӯрок ворид шудаанд, ҳалл нашуда дар бадан ҷой гирифтаанд. Яъне агар инсон гурусна монд, ҳамин раванди худхорӣ ё аутофагесия ба кор медаромадааст.

Масалан, дар оташдон аз ангишт истифода мебарем ва агар ангишт тамом шуд маҷбурем хасу хошокро ҷамъ карда бисӯзонем.

Бадани инсон ҳам ҳамин тавр кор мекунад. Агар одам ғизо истеъмол накард, организм барои нерӯву тавон ё энергия гирифтан дигар маводро ба кор мебардааст.

Акнун гап дар бораи он меравад, ки барои ин равандро фаъол кардан, бояд аз кадом хӯрок даст кашид ва чанд муддат ғизо нахӯрад. Ба гуфтаи пизишкон, барои аз ин раванд фоида бардоштан ва организми худро тоза карданд, бояд инсон дар як сол як моҳ ё 40 рӯз гуруснанишинӣ кунад ва дар як рӯз ин гуруснанишинӣ  бояд 17 соатро дар бар гирад ва бояд аз хӯрдани ҳама гуна ғизо ва об даст кашад. Яъне  ин ҳамон рӯзадорист, ки олимони ғайримусулмон онро гуруснанишинӣ номидаанд ва шояд хабар ҳам надоштанд, ки ин раванд дар ислом 1400 сол боз ҷорӣ мебошад.

Болотар аз ин,  боз як чизи дигар исбот шудааст, ки агар ҳар ҳафта ду рӯз, инсон ғизояшро то 500 килокалория кам кунад, дар ин ҳолат низ худхорӣ (аутофагия) фаъол мешавад. Яъне ки ду руз чизе нахӯрад. Шоёни ёдоварист, ки дар ислом низ дар ҳафтае ду бор рӯза гирифтанро суннат номидаанд.

Болотар аз ин, дар канори пажӯҳишҳои доктор Осуми, пажӯҳишгарони зистшиносии иёлати Калифорнияи Амрико соли 2016 низ натиҷаҳои пажӯҳишҳои худро мунташир карда буданд ва дақиқ карданд, ки механизми Осуми барои дармони бемории склероз ё сахток бисёр муфид будааст. Гурӯҳе дигар аз пажӯҳишгарон дар ҳошияи корҳои Осуми гуфтанд, ки механизми худхорӣ барои дармони бемориҳои дил, мағзи сар ва ҷигар муфид будааст.

Хулоса ки тадқиқоти олимони ҷопонӣ, амрикоӣ ва канадаӣ, ки онҳо аз давлатҳои исломӣ ва пайрави ислом нестанд, исбот мекунад, ки рӯзадорӣ, ки ҳамон гуруснанишинист, барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои дил, беморони саратон (инро пажӯҳишгарони канадаӣ гуфтанд), ҷигар, рагу пайванд, қанд ва ғайра бисёр муфид будааст. Ҳамаи ин бо далелҳо исбот шудаанд.

Дар бораи пурхӯрӣ ҳангоми ифтор ва суҳур чӣ мегӯед?

Нафси бад охир ба дорам мекашад…

Касоне ки ҳангоми ифтор пурхӯрӣ мекунанд, шояд фикр мекунанд, ки бо гирифтани рӯза қарзи худро адо карданд ва метавонанд шабҳангом то дилашон мехоҳад хӯрок хӯранд.

Бояд фаромӯш накард, ки рӯзадорӣ аз фоида холӣ нест. Аммо агар нафс ғолиб омад, ин маънои онро дорад, ки одам худ ба хештан зулм мекунад.

Ҳастанд касоне, ки бе рӯза гирифтан низ реҷаи хӯрокхӯриро риоя намекунанд ва бо ин роҳ бемориро ба худ ҷалб мекунанд.

Ғизои кам шифоанггез бошад,

Вале асли завол парҳез бошад.

Ё Сино мегӯяд:

Хоҳӣ, ки зи асбоби пурӣ парҳезӣ,

В-аз нанги табибони дағал бигрезӣ.

Ногашта тиҳӣ меъда ба хон наншинӣ

З-он пеш, ки меъда пур шавад, бархезӣ.

Чӣ дар моҳи мубораки Рамазон, чӣ дар дигар моҳҳо пур хӯрдан ё зиёд дар сари дастархон нишастан зарар дорад ва шикамро пур накарда нахестан ҳам беморзо аст, ки мо инро ҳар руз ба беморон таъкид мекунем.

Касоне, ки имони комил доранд, ҳеҷ вақт ин тавр рафтор намекунанд ва мусулмонони комил аз гуруснагӣ наметарсанд.

Бояд фаромӯш накард, ки гирифтани рӯза бо 17 соат гурусна нишастан ба итмом намерасад ва бояд қоидаҳои дигари онро низ риоя кард.

Ислом пеш аз ҳама омӯхтан аст, ба фикри ман тоҷикони мо, ки бо ифтихор Синоро тоҷик мегӯянд, бояд ҳаддақалл ҳамон ҳарфҳои Синоро омӯзанд ва дар хотир гиранд, ки таъкид карда буд:

Ногашта тиҳӣ меъда ба хон наншинед,

З-он пас ки меъда пур шавад бар хезад.

Боз ҳам суханони ҳамон олимонро бояд дар хотир гирифт, ки гуфта буданд, агар хоҳед, ки баданатон як соли дигар солим бошад, пас гуруснанишнӣ кунед ва бо ин роҳ организми худро поксозӣ кунед. Ва ин имконро ба мо ислом ва моҳи шарифи Рамазон медиҳад, ки мо бояд аз он дуруст истифода барем ва ҳамон шаб, ки дар ихтиёри мост, даст ба пурхӯрӣ назанем. Вагарна рӯзадорӣ дар ду дунё суде нахоҳад овард.

Хӯрдани кадом ғизоро дар моҳи шариф тавсия медиҳед?

Аслан ҳар чӣ ки дил мекашад, метавон аз ҳамон истифода бурд. Албатта, дар ин мавзуъ ҳама олимон ҳамандеша нестанд. Баъзеҳо тавсия додаанд, ки барои таъмин шудани бадани инсон бо ҳамаи микроэлементҳо ва витаминҳо рӯзадор бояд дар як шабонарӯз як қошуқ асал, як каф чормағз, як себ ва як сабзӣ истеъмол кунад.

Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Барчаспҳо:
пурхӯрӣ, ғизо, моҳи шарифи Рамазон, Абдулло Давлатов, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ