22:14 16 августи 2017
Пахши мустақим
Аниса Собирӣ

Аниса Собирӣ: ба синамои тоҷик мустақилият намерасад

Из личного архива Анисы Сабири
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
53 0 0

Коргардони ҷавони тоҷик, ки нахустин филми худро дар ҷашнвораи "Кинотавр" намоиш дод, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба синамои тоҷик мустақилият намерасад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Аниса Собирӣ дар бораи мушкилот ва мувафаққияти синамои тоҷик нақл кард.

"Синамои тоҷик ҳамакнун рушд карда истодааст. Ҳастанд чанд коргардонони ҷавон, ки бо мувафаққият филмҳои худро сабт мекунанд. Аммо мушкилоти асосӣ — на танҳо камбуди маблағ балки набуди асос аст", — гуфт коргардони ҷавон.

Ба қавли ӯ миёни филмҳое, ки бо сармоягузории давлатӣ сабт мешаванд ва наворҳое, ки аз ҷониби худи коргарони ҷавон наворбардорӣ мешавад, як ҷудоиандозӣ дида мешавад. Ва хуб мешуд, ки ҳукумати кишвар филмҳои шахсиро низ дастгирӣ мекард,чун бештар маҳз ҳамин гуна наворҳо Тоикистонро дар ҷашнвораҳи байнулмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

"Албатта ман мехоҳам, бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунам, чун Тоҷикистон Ватани ҳамаи мост ва кореро, ки мо анҷом медиҳем ба хотири ободии кишвар аст", — гуфт Аниса Собирӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо фарҳангиёни тоҷик дар бораи рушди бештари синамо ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ҳарф зада буд.

Мавзӯъҳои асосӣ