19:37 18 октябри 2017
Пахши мустақим
Пирях дар Помир.

Пиряхшинос: гармоиши ҷаҳонӣ ягона иллати об шудани пиряхҳои Помир нест

© Sputnik / Ратушенко
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
10102

Коҳиши масоҳати яхсорҳои Помир танҳо ба фаъолияти инсон вобаста нест. Аз ин рӯ, пешгирӣ карданаш корест мушкил мегӯяд, пиряхшинос

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дабири кулли Созмони милали муттаҳид Антониу Гуттериш 12 июн бо мушкилоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз наздик ошно шуд.

Гуттериш дар ин сафар аз бад шудани вазъи муҳитзистӣ дар Осиёи Марказӣ нигарон шуд. Аз ҷумла пайомадҳои хушк шудани дарёи Арал ва об шудани пиряхҳои Помир Дабири куллро шигифтзада карданд.

Дар поёни сафараш ӯ ҷаҳониёнро барои посдошти табиъат ва пешгирӣ аз об шудани пиряхҳо даъват кард. Вале иҷрои ин муҳим кори осоне нахоҳад буд.

"Пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ — манбаъи асосии оби ошомиданӣ ҳастанд. Ва босуръат об шуданашон барои минтақа хатар дорад. Вале иллати он олуда шудани ҳаво бо гази карбон ва партовҳои санъатӣ нест. Ин раванд бештар ба дигаргунии иқлим ва тағйироти ҳарорат дар солҳои тулонӣ вобаста аст", — таъкид кард пиряхшинос аз Пажӯҳишгоҳи ҷуғрофиёи Фарҳангистони улуми Русия Николай Осокин.

Ба гуфти ӯ, об шудани пиряхҳо хатари фурӯ рехтани тарма, сел ва обхезиро дар кӯҳистонҳо афзоиш медиҳад.

"Дар қӯҳсорон аз об шудани пиряхҳо кӯлҳои лозарӣ пайдо мешаванд, ки агар ин раванд беист идома ёбад, эҳтимоли кандани сарбанди онҳо ва рух додани офатҳои табиъӣ бештар мешавад", — тавзеҳ дод Осокин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки пештар ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки бо роҳи гирифтани оби Сарез хатари канда шудани сарбанди он аз миён бурад шавад ва обаш барои Тоҷикистону дигар кишвраҳои ҳамсоя истифода шавад. Вале коршиносон арзиши ин тарҳро бисёр гарон гуфтанд.

Мавзуъ

Ҳайрати Дабири кулли СММ аз обшавии пиряхҳои Помир
Узбакистон аз вазъи кӯлҳои пиряхӣ дар ОМ нигарон аст
Пиряхҳои Тоҷикистон 140 метр пасттар шудаанд
Барчаспҳо:
об шудани пиряхҳо, Николай Осокин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ