05:33 25 июли 2017
Пахши мустақим
Иди фитр дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ид меояд, хонаро ҷоруб занед...

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
9311

Саъдӣ Ворисов, исломшиноси тоҷик мегӯяд, таҷлил аз Иди Рамазон суннатҳо ва анъаноти хоси худро дорад, ки тамиз кардани хона, поксозии ҷисм ва табрикоти дӯстон аз умдатарини ин анъанаҳо маҳсуб мегардад

То анҷоми моҳи шарифи Рамазон ҳамагӣ 3 рӯзи дигар боқӣ монд. Чун анъана, тоҷикистониён барои пешвози Иди Фитр омодагӣ мебинанд ва кошонаву суфраашонро оро медиҳанд. Ин бор Саъдӣ Ворисов, исломшиноси тоҷик дар робита ба фазилатҳои чанд рӯзи охири моҳи Рамазон, суннатҳои таҷлил аз иди бузурги мусалмонон ва шеваи пешвозион бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат кард.

Ибтидо аз вай пурсидем, ки дар ин чанд рӯзи охири моҳи Рамазон анҷом додани кадом корҳое савоб аст? Посух дод, ки Рамазон дар кулл як фурсати фавқуллода муҳим барои касбу захираи савоби ҳар чи бештар тавассути анҷоми аъмоли неку ибодот аст.

Аз лаҳазоти аввал то фурсатҳои охири ин моҳ барои анҷоми амалҳои солеҳ барои ибодоту хондани Қуръону садақаву закот ғанимат ҳастанд.

"Аз сӯйи дигар қимматтарин лаҳзаҳои Рамазон, ки иборат аз шаби Қадр аст, дар ҳамин ҳафтаи ахир дар шабҳои тоқи он ва бахусус дар шаби 27 аст, ки дар ҳафтаи ахири Рамазон фаро мерасад. Ҳафтаи ахир чун аз омад — омади ид дарак медиҳад, савоб ин аст, ки дар баробари аъмолу ибодот мусулмон кӯшиш кунад садақаи Фитрашро барои фақирону мискинон диҳад, ки ин садақаи ҳатмӣ дар ин моҳ аст", — афзуд Саъдӣ Ворисов.

Дар робита ба ин ки чӣ гуна худро ба пешвози ид ва таҷлили он омода созем, гуфт, бояд хонаву кошонаро ҷорӯб заду пок кард. Табрикномаҳову шодбошиҳо ба ҳама азизону дӯстони дуру виртуалӣ фиристод.

"Хуб аст ба атфолу навпоён роҷеъ ба ид ва маъонии он гуфт. Агар имконият бошад, барои азизону наздикон тӯҳфа харида тақдим кунем. Омодагиҳои лозима ҳамонгуна, ки дар мардуми мо ҳаст, барои суфраи идӣ ва пухтани хуроки болаззат дар идро тадорук дид", — гуфт исломшинос.

 Аммо дар рӯзи ид бояд чӣ гуна рафтор дошт? Ҷаноби Ворисов мегӯяд, рӯзи ид бо ҳаммом кардану либоси идона ба бар кардан ва хушбӯйӣ задан шурӯъ шуда, аз суннатҳои идӣ аст, ки қабл аз ба намози ид рафтан як каме хурмо бихӯрем. Дигар суннати идӣ ин аст, ки ба идгоҳ аз як роҳ рафта ба роҳи дигар баргардад.

Ва албатта субҳи зуд ба намози ид рафтану хутбаи идро гӯш додан низ суннат аст, мегӯяд ҷаноби Ворисов.

"Агар имкон бошад кӯдаконро ҳам бо худ ба идгох барем. Ва яке аз суннатҳои ҷолиби дигари ид ин аст, ки баъди адои намоз бояд ҳамдигарро ба оғӯш кашида ид муборак гуфт. Агар намозгоҳ зиёд дур набошад, беҳтар аст то он ҷо пиёда рафтану омадан", — илова мекунад исломшинос.

 Бархеҳо суол мегузоранд, ки худи вожаи "Ид" аз куҷо пайдо шудааст ва чӣ мафҳуме дорад. Ҷаноби Ворисов мегӯяд, вожаи ид асли арабӣ дорад. Яъне, ин калимаро мо аз забони арабӣ вом гирифтаем ва маънояш бозгашт аст.

Чаро бозгашт? Чун идҳои исломӣ асосан баъди анҷоми ду ибодати бузург таҷлил мешаванд, яке баъди як моҳ рӯза, ки яке аз панҷ пояи дин аст ва дигаре бо адои Ҳаҷҷ, ки он низ сутуне аз сутунҳои ислом аст. Бо анҷоми ин ду ибодат ва таври бояду шояд сафову асли покӣ ба руҳи инсон бармегардад. Аз ин ҷост ки барои ин таҷлил ва ин хуши вожаи "ид" баргузида ва интихоб шудааст, шарҳ медиҳад Саъдӣ Ворисов.

Билохира, моҳи Рамазон ба поён мерасад, аз рафтанаш ғамгин бишавем ва ё хушҳолӣ намоем? Ҷаноби Ворисов бар ин назар аст, ки агар касеро Худованд тавфиқи гирифтани рӯзаро насиб кард ва боз як моҳи дигари рӯзаро дар мизони ҳасаноти худ дар даргоҳи Худо барои қиёмати худ захира кард, он гоҳ месазад аз рафтанаш хушӣ кард.

"Хушӣ барои он ки ба шикаму нафси худ не! гуфтан тавонистем. Хушӣ барои он ки ҳарфи Худоро бо тавфиқи осмонӣ гирифтем. Хушӣ барои он ки озмуни шикаму нафсро дар рӯзҳои гарми тобистон сарбаландона супоридем. Хушӣ барои он ки фиреби шайтону макри иблисро нахӯрдем. Хушӣ барои он ки иродаи худро қавитар сохтем ва дарди нодорону фақиронро дарк кардем", — афзуд Саъдӣ Ворисов.

Барчаспҳо:
иди Рамазон, Саъдӣ Ворисов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ