05:33 25 июли 2017
Пахши мустақим
Тоҷикистон. Помир. Акс аз бойгонӣ

Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд

© Sputnik / Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
30140

Муқбилшоҳ Аламшоев - коршиноси забонҳои помирӣ бовар дорад, ки хат метавонад забонҳои помириро аз нобуд шудан наҷот диҳад

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. ЮНЕСКО феҳристи тозае аз забонҳои мирандаи ҷаҳонро нашр кардааст. Бино бар ин феҳрист, наздик ба сеяки забонҳои ҷаҳон дар ҳоли нест шудан қарор доранд. Бархе аз забонҳое, ки дар Тоҷикистон гӯишвар доранд, низ дар ин феҳрист оварда шудаанд.

Забони ишкошимӣ дар ҳолати ҳассос қарор дорад, мегӯяд коршиноси забонҳои помирӣ Муқбилшоҳ Аламшоев.

Имрӯз дар ҳудуди Помир ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд. Ин забонҳо мақоми расмӣ ва хатт надоранд. Онҳо фақат шифоҳӣ истифода мешаванд, гарчанде ду ҳазор сол боз истифода мешаванд, гуфт ин коршинос дар суҳбат бо радиои Sputnik.

"камобеш 200 ҳазор кас ба забонҳои помирӣ сухан мегӯяд. Аз миёни ин забонҳо эҳтимоли нобуд шудани забони ишкошимӣ бештар аст, зеро ин забон танҳо дар як русто боз мондааст ва камобеш 400 гӯишвар дорад", — гуфт устод Аламшоев.

"Забони ишкошимӣ ҳамин акнун дар "Китоби сурх" ҷой гирифтааст ва гумон меравад, ки дигар забонҳои помирӣ низ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд. Аз ин рӯ, бояд имрӯз ба ин забонҳо дучандон бештар таваҷҷуҳ шавад ва онҳо бояд дорои хатт бошанд", — бовар дорад вай.

Забоншиносон бар инанд, ки забонҳои помирӣ бояд дар дабистонҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳафтае ду бор барои синфҳои поёнӣ ва як бор барои синфҳои болоӣ омӯзонида шаванд.

Ба қавли коршинос, масъалаи омӯзиши забонҳои маҳаллӣ дар донишгоҳҳо низ бояд баррасӣ шавад.

"Забонҳои помирӣ бояд ҳатман дар бахшҳои забоншиносӣ омӯхтаву омӯзонида шаванд. Бе омӯхтани забонҳои помирӣ намешавад дастури торихии забонҳои эрониро бозсозӣ ва бозомӯзӣ кард. Ин пажӯҳишҳо барои огоҳ будан аз торихи забон бисёр муҳиманд. Чунки забонҳои помирӣ қадимианд", — таъкид кард коршинос.

Муқбилшоҳ Аламшоев бовар дорад, ки чунин иқдомоте метавонанд гуногунии забониро дар Тоҷикистон нигаҳ доранд.

Мавзуъ

ЮНЕСКО: забонҳои яғнобӣ ва помирӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд
Аз боло гузаред: тоҷикон дар Маскав "хонаи помирӣ" бунёд карданд

Мавзӯъҳои асосӣ