21:20 20 сентябри 2017
Пахши мустақим
Пули болои Сирдарё, акс аз бойгонӣ

Мушкили хонаводагӣ: ҳамкорони Муқаддас аз худкушии вай шигифтзада шуданд

© Sputnik / Борис Ушмайкин
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
93610

24-уми июн Муқаддас ба корхона меояд, чун ҳамеша корашро саранҷом мекунаду соатҳои 14 аз кор баромада меравад. Аммо рӯзи ид хабари худкушияш ба ҳамкоронаш мерасад...

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дирӯз хабари дигаре аз Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар бораи даст ба худкушӣ задани як зани тоҷик дар болои пули Сирдарё дар Хуҷанд шаҳрвандони кишварро шигифтзада кард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ин рухдодро ба баҳсу мунозира кашиданду бархе низ он занро гунаҳкор донистанд. Мақомот далоили ин худкуширо бозҷӯӣ доранд. 

Аммо Sputnik Тоҷикистон маълумоти бештаре дар бораи ин рухдод ва шахисияти он зан ба даст овард.

Муқаддас 39-сола буду дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекард ва коргари яке аз ширкатҳои тавлидӣ дар Хуҷанд буд. Ба гуфти яке аз ҳамкоронаш, вай 5 сол боз дар ҳамин ширкат кор мекарду коргари боназму низом буд.

"Муқаддас соатҳои 6 — 7 дар коргоҳ ҳозир мешуд.  То омадани кормандон дафтарро рӯбучин мекард. Мо саотҳои 8 ба кор ҳозир мешудем ва аллакай ҳама ҷоро тоза ва покиза медидем", — афзуд вай.

Ҳамкори Муқаддас, ки нахост, номашро бибарем, гуфт, вай ҳаргиз аз кораш гилаву шикоят намекард: "Аз кораш розӣ буд ва мо ҳам аз сифати корӣ вай розӣ будем".

Ба гуфтаи ин мард, Муқаддас дар корхона ҳар рӯз то соатҳои 14:00 монда, корҳояшро анҷом медодаву хонааш мерафтааст. "Мо ҳамроҳ соатҳои 12:00 ноҳор мехӯрдем. Агар лозим шуд, вай ба ошпаз ёрӣ медод, агар не, дар вақти муайян аз кор ба хона бар мегашт", — гуфт вай.

Ин мард мегӯяд, Муқаддас бисёр корманди масъулиятшинос буд. Утоқҳои мо ҳамеша барои баргузории мулоқот омода буданд. Вай ҳар кореро сари вақт анҷом медод.

Муқаддас зане шармгин, оддӣ ва амин будааст.

"Гоҳе мешуд, ки кормандон пул ва ё чизҳои арзмишмандашонро дар дафтар фаромӯш ё гум мекарданд ва Муқаддас онҳоро пайдо карда, ба соҳибонашон бар мегардонд. Ҳарчанд мушкил дар зиндагияш бисёр дошт, вале ҳалолкору ҳалолхор буд",- гуфт вай.

Ба гуфтаи ин ҳамкори Муқаддас, вай гаҳ — гоҳе дар худ фурӯ мерафт. 2 — 3 сол руҳияаш хароб буд. Чаҳор фарзанд дошт ва шавҳараш маъюб буд.

"Фарзанди калониаш синфи 8 меравад, боз дугоник — Фотима ва Заҳро дорад, ки дар синфи 3 таҳсил мекунанд", — афзуд вай.

Аз гуфтаҳои ин мард чунин бар меояд, ки хешовандони шавҳараш бар Муқаддас зӯру фишор меовардаанд.

"Ҳатто рӯзе, хусури Муқаддас ба дафтар омаду аз мо ҳуқуқи моҳиёнаи ӯро ҷӯё шуд. Аммо як зани собиқадоре — Ҳоҷиоя ба вай посухи хубе дод: чӣ тавр тавонистед, ки барои донистани музди арӯсатон ба маҳалли кораш оед? Шумо магар боре пурсидаед, ки Муқаддас дар чигуна шароит кор мекунад?! —  гуфт Ҳоҷиаоя ба вай", — мегӯяд бо ҳаяҷон ҳамкори зан.

Аз гуфтаи ҳамкори Муқаддас, вазъи руҳии вай ду — се моҳи ахир нигаронкунанда буд. Аммо касе аз ҳамкоронаш шикваву шикояти ӯро аз зиндагияш нашунидааст.

Ҳамин тавр, Муқаддас рӯзи шанбе, 24-уми июн сари кораш ҳозир мешавад. Чун ҳарвақта корашро саришта мекунаду соати 14:00 бо табъи хуш баромада меравад. Аммо пас аз як рӯз, ба гӯши ҳамкорон хабари мудҳиш  мерасад, Муқаддас дар шоми рӯзи иди Фитр худро ба дарё андохтааст

"Барои мо ҳам ин қазия равшан нест, ки чаро Муқаддас — зани ҷавон, соҳиби 4 фарзанд, зани фурӯтан дар рӯзи Ид худро бар дарё андохт? Чӣ мушкиле ӯро водор кард, ки аз баҳри зиндагияш гузашта, худро ба дарё андозад?", — гуфт дар охир мард.

Барчаспҳо:
худкушӣ, ҳамкор, зан, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ