Умед Ҷайҳонӣ: давлат номи Пётри Якумро аз кӯҳсори Тоҷикистон бардорад

© SputnikУмед Джайхани
Умед Джайхани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси вилояти Хатлон қарор дод ки Қӯрғонтеппа ба Бохтар, Сарбанд ба Левканд ва Бохтар ба Кушониён номгардон шаванд. Sputnik Тоҷикистон аз рӯзноманигор ва пажӯҳишгари ҷойномҳои торихӣ Умед Ҷайҳонӣ чуну чароҳои ин номгардониро пурсид

Sputnik: Оё ниёзе ба ин номгардониҳо ҳаст?

Умед Ҷайҳонӣ: Ба назарам ҳеҷ ниёзе барои номгардонии  шаҳрҳо ва ноҳия нест. Он далелҳое, ки барои тағйири ҷойномҳо оварда шудаанд, қонеъкунанда нестанд. Масалан, гуфта шуда, ки шаҳри Қурғонтеппа бояд Бохтар номида шавад. Вале агар дар канори шаҳр ноҳияе Бохтар ном дорад, пас чӣ далеле дорад, ки он номро аз он ноҳия бигиранду ба ин шаҳр бидиҳанд?

Кушониён ҷойноми хубе аст, вале ниёзе нест, ки ноҳияи Бохтар чунин номида шавад. Онро метавон бар ноҳияи Носири Хусрав ё ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузошт. Ин ноҳияҳо номҳои дуруст надоранд ва ҳоло ки мақомот гуфтаанд, ки номҳои торихиро зинда мекунанд, беҳтар аст, ки чунин ҷойномҳоро ислоҳ кунанд. Вале Бохтар ҷойноми торихӣ нест. Чунин ҷойноме дар ҷуғрофиёи торихии мо вуҷуд надорад.

Умед Джайхони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?

Sputnik: Яъне Бохтар пеш вуҷуд надоштааст?

Умед Ҷайҳонӣ: Чунин вожае вуҷуд дошта, вале номи шаҳр ё сарзамине набуда, балки истилоҳи ҷуғрофиёӣ буда ва яке аз чаҳор сӯи ҷаҳонро меномидаанд. Чунончи, маънии "бохтар" имрӯз "ғарб; мағриб" аст, аммо дар осори садаҳои IX — XV "бохтар" ба маънии "шарқ, машриқ" ба кор рафтааст. Вале дар қадимтарин осор маънии ин вожа "шимол" буда, ки дар "Авесто" ва "Торихи Сиистон" оварда шудааст. Яъне "бохтар" аз чанд ҳазор сол пеш ба маънии яке аз чаҳор сӯи ҷаҳон ба кор мерафтааст. Решаву дигаргунии ин вожа рӯшан аст: форсии дарӣ: bāxtarшарқ' < порсии миёна: *apāxtar ‘шимол' < авестоӣ: apāxtara-‘шимолӣ' < эронии бостон: *apāk-tara-‘шимолӣ' < *apāk- ‘пушти сар' + *-tara — пасванд. Ҳамин вожа дар забони балхӣ мешуда: αβαχρανο, βαρχανο, αχρανο ‘шимол' < *apāxθra-, авестоӣ: apāxəδra- < pāš ‘шимол' дар суғдӣ.

Sputnik: Агар Бохтар ба маънои шимол ё ғарб бошад, пас оё барои Қӯрғонтеппа, ки дар ҷануб ҷойгир аст, муносиб аст?

Умед Ҷайҳонӣ: Ин ном аз дигар сӯ ҳам муносиб нест. Эҳтимолан, касоне, ки мехоҳанд, Қӯрғонтеппаро номгардон кунанд, "Бохтар"-ро баробари тоҷикии "Бактрия" пиндоштаанд, вале иштибоҳ мекунанд. Зеро Бактрия, ки дар юнонии бостон Βακτριανή ҳам гуфта мешуд, дар воқеъ вогӯяву таронависии юнонӣ аз ҷойноми Bāxtrī- дар порсии бостон аст. Ин ҷойном, бино бар "Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ", дар гузор аз порсии бостон ба форсии имрӯз Балх гаштааст: эронии бостон: *bāxθrī- > порсии бостон: Bāxtrī- авестоӣ: Bāxδī-; балхӣ: βαχλο > порсии миёна Bāxl, Bālx > порсии дарӣ: Balx (ведоӣ: bálhika- ‘номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд' дар санскрит — bāhlīka-) аз *ˡbag-: baj ‘бахш, пора'.

Чуноне, ки аз торих медонем, сарзамине, ки Вахшу Хатлон замоне бахше аз он буданд, ҳамеша Балх ном доштаву ҳануз ҳам дорад, на Бохтар. Мавлоно Ҷалолиддинро Балхӣ мехонем, на Бохтарӣ.

Sputnik: Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот, оё мешавад шаҳреро дар шимоли Тоҷикистон Бохтар номид?

Умед Ҷайҳонӣ: Бале, мешавад онҷо шаҳре сохт ва онро Бохтарон номид. Ҳамчунин метавонанд дар шарқитарин ноҳияи Тоҷикистон шаҳре бисозанду онро Хуросон биноманд, ки маънияш Шарқу Машриқ аст. Дар ғарбитарин ноҳияи кишвар метавон шаҳре сохту Ховарон номид ва дар ҷанубитарин ноҳия ободиеро Нимрӯз ё Нимрӯзон номид. Вале набояд ҷойномҳои қадимиву мавҷудро тағйир дод. Бояд шаҳру деҳ сохту номгузорӣ кард.

Sputnik: Агар шумо яке аз муаллифони номҳои ҷадиди ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон мебудед, кадом номро барои Қӯрғонтеппа муносиб медонистед?

Умед Ҷайҳонӣ: Қӯрғонтеппа худ ҷойноме торихӣ аст ва дар торихномаҳои садаи XVII омадааст. Он баргирифта аз қалъаест, ки бар теппае дар маркази шаҳр ҷой дорад. Аз дидгоҳи номгузорӣ ва ҷойномсозӣ "Қӯрғонтеппа" ҷойноме дақиқу дуруст аст. Вале ҳоло ки мақомот мехоҳанд онро номгардон кунанд, муносибтарин номе, ки ба назари ман метавон бар Қӯрғонтеппа ниҳод, Левканд аст. Ин ҷойном дар осори торихӣ, аз он ҷумла дар қадимитарин рисолаи ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ — «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (бозмонда аз соли 982 м.) ёд шудааст.

Ниёзе нест Сарбандро номгардон кунанду Левканд биноманд. Сарбанд худ ҷойноме бисёр зебову муносиб барои ин шаҳр аст ва ҳеч далеле барои тағйири номи ин шаҳр нест — на далели мантиқӣ, на торихӣ, на  ақлонӣ.

Sputnik: Шояд мақомот мехоҳанд забону ҷойномгонро аз вожаҳои туркиву русиву бегона поксозӣ кунанд?

Умед Ҷайҳонӣ: Гумон надорам, ки чунин ҳадафе дошта бошанд. Бибинед, мо дар вилояти Суғд риштакӯҳе дорем, ки Туркистон хонда мешавад. Ин бадтарин ҷойном дар Тоҷикистон аст. Понтуркистҳо ки мехостанд Туркистонро падид оваранд, ниме аз сарзамини тоҷиконро ситонданд. Чаро ин ном бояд дар нақшаи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад? Он риштакӯҳ дар қадим Буттамон ном дошт ва бояд ҳамин номро бар он бигзоранд. Дуруст аст, ки он риштакӯҳ дар Узбакистону Қирғизистон ҳам шоха дорад, вале ин муҳим нест. Ҳамон бахшеро, ки дар Тоҷикистон аст, Буттамон бояд номид.

Риштакӯҳе дигар дар Тоҷикистон қаторкӯҳи Петри Якум ном дорад. Агар мехоҳанд ҷойномҳои русиро аз нақша бизудоянд, пас бояд номи Пётри Якумро аз он риштакӯҳ бардоранд. Он риштакӯҳ Вахиё ном дошта, агар ҳам надошта, метавон онро Вахиё номид, ки ҷойномест комилан тоҷикӣ.

Аз ин намунаҳо бисёр аст. Вале мақомот ба ҷои зинда кардани ҷойномҳои торихӣ онҳоро нобуд мекунанд ва ғалатҳоеро ҷойгузинашон мекунанд. Масалан, Ваҳдат, ки дар Тоҷикистон бисёр шудааст, яке аз чунин ғалатҳост. Зеро ваҳдат, ваҳшат, истиқлол, ғуломӣ, дӯстӣ, душманӣ наметавонанд ҷойном бошанд. Инҳо исми маънӣ ҳастанд ва бояд пасванди макон бигиранд то ҷойном шаванд. Масалан, агар Ваҳдатобод мебуд, дуруст мешуд.

Бар асоси қоъидаҳои ҷойномсозии тоҷикӣ, "ноҳияи Рӯдакӣ", "ноҳияи Фирдавсӣ", "ноҳияи Сино", "ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ", "ноҳияи Носири Хусрав", "ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ", "ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ", "ноҳияи Шамсиддин Шоҳин", "ноҳияи айнӣ", "ноҳияи Ҷаббор Расулов", "ноҳияи Бобоҷон Ғафуров", "ноҳияи Темурмалик", "ноҳияи Спитамен", "ноҳияи Деваштич", "шаҳри Турсунзода", "шаҳри Истиқлол" ҷойном нестанд ва бояд ислоҳ шаванд.

Sputnik: Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ дар ин замина чигуна аст?

Умед Ҷайҳонӣ: Дар Русия бисёре аз ҷойномҳои торихие, ки дар замони шуравӣ нобуд шуда буданд, дубора зинда шудаанд. Дар Қазоқистон кӯшиш доранд пойтахташонро "нурсултонида" кунанд. Туркманистон бисёре аз ҷойномҳоро "туркманбошид" ва акнун "меарқадакад". Ин вожаҳо ки гуфтам, гӯшхарошанд, вале бовар кунед, номҳое, ки болотар гуфтам, гӯшхароштар ҳастанд.

Аммо дар Узбакистон бархе аз ҷойномҳои муғулиро бо ҷойномҳои тоҷикӣ ҷойгузин мекунанд. Онҳо номҳои Гулистон, Бӯстон, Зарафшон доранд. Яъне узбакҳо ҷойномҳои тоҷикӣ бар шаҳру ободиҳояшон мегузоранд. Ё масалан, ширкати худравсозии "Равон" номи тоҷикӣ дорад.

Sputnik: Чаро номгузорӣ дар Тоҷикистон чунин вазъ дорад ва чигуна метавон ин вазъро беҳбуд бахшид?

Умед Ҷайҳонӣ: Ман бар ин боварам, ки номгузориву номгардониро бояд аз дасти мақомоти маҳаллӣ гирифт ва ба донишмандону коршиносон вогузор кард. Тоҷикистон Кумитаи забону истилоҳот, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, Пажӯҳишгоҳи торих ва болотар аз онҳо Фарҳангистони улум дорад. Ин ниҳодҳо бояд коргурӯҳе ташкил диҳанд ва ҷойномшиносоне чун устод Назрӣ Офаридаев, Бурҳон Тӯраев, Абдусалом Аюбов ва дигарон шомилаш шаванд. Аз пажӯҳишгарони хориҷӣ ҳам бояд ёрӣ хост. Куллан ин корро бояд ба ниҳодҳои илмиву пажӯҳишӣ вогузор кард ва ниҳодҳои иҷроӣ бояд хешкории худро анҷом бидиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0