05:32 25 июли 2017
Пахши мустақим
Абдулло Давлатов, акс аз бойгонӣ

Абдулло Давлатов: иқтисоди Тоҷикистонро на дастуру фармон, балки бозор рушд медиҳад

© Фото: страница Абдулло Давлатова в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Зиёд шудани талабот дар кишвар на бояд ба воситаи манӯиятҳо ба роҳ монда шавад, мегӯяд коршиноси тоҷик Абдулло Давлатов

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикаш ба шаҳрвандони кишвар ба муносибати иди Фитр, таъкид кард, ки дар густурдани дасторхони идона сарфакор бошанду исрофкорӣ накунанд. Раисҷумҳур даъват кард, ки ин маблағҳо барои эҳиёҷоти дигар чун таъмири хона, беҳтар намудани шароити ва ё таҳсилоти кӯдакон сарф карда шавад.

Аммо ба гуфтаи коршинос ин изҳорот роҳи беҳтар кардани иқтисоди кишвар нест.

"Ин қонуни пойдори иқтисодиёт аст: ҳар андоза шаҳрвандон бештар коло харид кунанд, ҳамон андоза тавлидот бештар мешавад, ҳамон андоза, ки тавлидот бештар шавад, ҳамон андоза вазъи иқтисоди кишвар ва зиндагонии мардуми он беҳтар мешавад. Лекин ҳоло мардумро аз хӯроки хушмазза хӯрдан манъ мекунанду наврасонро аз харҷ барои маросими хатми мактаб. Бо мамнуъ кардан наметавон вазъро тағйир дод", — мегӯяд собиқ раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов.

Ба гуфтаи вай, талабот он вақт зиёд мешавад, ки беҳзистии мардум зиёд шавад.

Аз як иқдоми дигари ҳукумати Тоҷикистон бояд ёдовар шуд, ки бо тавсиби қонуне мансабдорон муваззаф шудаанд даромади худ ва хешовандонашонро ошкор кунанд.

Вакилони Маҷлиси олӣ дар моҳи июл пешнависи тарҳи ислоҳи қонуни изҳори иҷбории даромадҳои кормандони ҳукумат ва хешовандонашонро баррасӣ хоҳанд кард.

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев фарохони вакилон ба ҷаласаро имзо кардааст.

Маҷлиси намояндагон Қонуни изҳори ҳатмии даромадҳоро дар моҳи май ислоҳ карда буд.

Барчаспҳо:
сарфакорӣ, маош, иқтисод, Абдулло Давлатов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ