Қаршибоев: манъи тасвирбардорӣ дар ҶТ мамнуъият дар дастрасӣ ба иттилоъот нест

© Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Каршибоев, архивное фото
Нуриддин Каршибоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оё ҷоиз аст, ки тасвирбардорӣ аз рухдодҳои фавқулода барои шаҳрвандони Тоҷикистон мамнуъ шавад?

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Пас аз сӯхтор дар бозори "Корвон" вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода пешниҳод кард касоне, ки ҳангоми бартарафсозии пайомадҳои рухдодҳои фавқулода бо тасвирбардорӣ ба кори оташнишонҳо ва наҷотдиҳандагон халал мерасонанд, муҷозот карда шаванд.

Ин пешниҳод касонеро дар назар дорад, ки бо тасвирбардорӣ дар макони сар задани рухдодҳои фавқулода роҳи худравҳои оташнишониро мебанданд.

Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: мардум ба Рамазон Раҳимзода эътимод дорад

Sputnik Тоҷикистон аз раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев пурсид, оё ин пешниҳоди вазир ҳуқуқи шаҳрвандон ба нашру интишори озоди иттилоъотро нақз намекунад?

"Ин пешниҳод феълан танҳо фикри шахсии вазири корҳои дохила аст. То замоне ки пешниҳод чун пешнависи қонун ба маҷлис ироя нашудааст, наметавон аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон сухан гуфт. Афзун бар ин, бино бар қонунҳои ҷории Тоҷикистон, дастрасӣ ба иттилоъот дар бораи рухдодҳои фавқулода ҳеч маҳдудияте надорад", — тавзеҳ дод Қаршибоев.

Вале ӯ ҳам бар ин аст, ки набояд шаҳрвандон ҳангоми бартарафсозии пайомадҳои рухдодҳои фавқулода ба кори оташнишонҳо халал расонанд.

Лентаи хабарҳо
0