00:32 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Намояндагони воломақоми Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҷанг барои тахт: чаро шоҳзодаҳои Саудӣ ғайб мезананд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
445 0 0

Вазъият дар Ховари Миёна тезу тунд мешавад. Арабистони Саудӣ бо бозиҳои сиёии худ бо таҳдидҳои хориҷӣ ва дохилӣ пешорӯ мешавад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Пас аз ба маснади подшоҳӣ нишастани Абдулазизхон (соли 2012) дар Арабистони Саудӣ ҷангҳо барои гирифтани тахт тезу тунд шуд.

Ин мавзӯъро сиёсатмадор ва таҳлилгари турк Берил Дедеоглу дар хабаргузории ИНоСМИ тавзеҳ додааст.

Аз рӯзе, ки писари шашуми Салмон — Муҳаммад ибн Салмон ба тахти подшоҳии Арабистони Саудӣ нишаст, аксари шоҳзодаҳои ранҷида садо баланд мекарданд ва дар натиҷа ҳукумат бар онҳо фишорашро пурзӯр мекард.

Сухан сари ин, ки тахт на ба писарон балки ба набераи Абдулазиз-ибн Сауд расид.

Дар паи фишори пурзӯр баъзе аз шоҳзодаҳо роҳи Урупоро пеш гирифтанд. Дар муҳоҷират ин шоҳзодаҳо ба танқиди ҳукумати Арабистон пардохтанд.

Чанде пеш се шоҳзода ба тамом ғайб заданд. Шоҳзодаи чаҳоруми гуреза ғайбзании онҳоро тасдиқ кард. 

Турки бин Бандар (Turki Bin Bandar), Хаолид бин Фармон (Halid Bin Farman), Сауд бин Сайф (Suud Bin Saif) ҳукумати Салмонро танқид карданд. 

Дар баробари ин шоҳзодаҳо ҳукумати Саудиро дар пуштибонӣ аз табадуллоти давлатӣ дар Миср ва бартарафкунии Мурсӣ айбдор карданд. 

Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои гуногун паҳн мекарданд. Пеш аз ғайбзанӣ бошад, шоҳзодаҳо ба ҳамдигар огаҳӣ медоданд, ки онҳоро хоҳанд кушт. Эҳтимол меравад, ки онҳо ҳангоми парвоз ба Риёз ғайб зада бошанд. Чун хабаре аз онҳо дигар набуд.

Ҳамчунин пештар, рӯзи ҳаштуми август дар Арабистони Саудӣ шоҳзодаи дигаре — Салмон бен Абдуллоҳ бен Турки Ал-Сауд дар синии 26 солагӣ аз олам даргузашт. Сабаби марги ин шоҳзодаи ҷавон сактаи дил шуд.

Сиёсатшиноси турк бар ин аст, ки ҷанги шоҳздаҳо фақат барои тахт нест. Ӯ фикр мекунад, ки замони ҳукмронии Обама муносиботи ИМА ва Арабистони Саудӣ тезу тунд шуда буд.

То соли 2020 дар Шоҳигарии Арабистон масъалаҳое чун истифодаи оқилонаи нафт барои рушди кишвар, нигоҳдории захираҳои дохилӣ, тақвияти амнияти дохилӣ нақшагирӣ шуда буд, ки ба назари бархе аз доираҳои сиёсии Урупо чун ақибнишинӣ аз озодӣ ва  роҳандозӣ накардани ислоҳот баҳогузорӣ шуд.

Дар ҳамон замон ИМА аз дахолати Арабистони Саудӣ ба Яману Баҳрайн изҳори норозигӣ карда ва ин мамлакатро айбдор ба пуштибонӣ аз гурӯҳи теруристии "ДОИШ" (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) карданд.

Берил Дедеоглу бар ин аст, ки несткунии мухолифини Арабистони Саудӣ барои қувваҳои хориҷӣ ҷиҳати фишор бар шоҳигарӣ фоида хоҳад дошт.

Ин таҳлилгар фирк мекунад, ки Арабистои Саудӣ ба вазъи аз ин бартар гирифтор хоҳад шуд.

Мавзуъ

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд
Арабистони Саудӣ аз рафтори Қатар норозӣ аст: коршинос
Ғайр аз ҳоҷиён: Арабистони Саудӣ ва АМА қатариёнро аз давлаташон ронданд
Рақси Доналд Трамп бо шамшер дар Арабистони Саудӣ
Барчаспҳо:
фишорҳои берунӣ, Абдулазиз, Арабистони Саудӣ

Мавзӯъҳои асосӣ