00:31 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с премьер-министром Японии Синдзо Абэ. Архивное фото

Чаро Ҷопон ба Тоҷикистон ёрӣ медиҳад?

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
22910

Ҷопон, ки дар хилофи Русия, Эрон ва Арабистони Саудӣ хостори густариши нуфузи сиёсии худ нест, чӣ далеле дорад, ки ба Тоҷикистон чунин кумак мерасонад?

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik, Рубен Гарсия. Ҳукумати Ҷопон ба Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор дулор грант барои хариди корафзорҳои барфрӯбӣ медиҳад.

Ин нахустин бор нест, ки Ҷопон ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вомҳои билоивазу башардӯстона медиҳад.

Ҷолиб ин аст, ки бар хилофи бархе дигар аз шарикони хориҷии Тоҷикистон, ҷопониҳо ин ёриро комилан беғаразона мерасонанд ва ҳеч суду даромаде сиёсӣ ва ё иқтисодӣ аз он ба даст намеоранд.

Дар зер феҳриствор кумакҳои Ҷопон ба Тоҷикистонро аз оғози соли 2017 бар мешуморем.

Дар поёни моҳи январ давлати Ҷопон дар чорчӯби Барномаи Кумакҳои молӣ барои тарҳҳои амнияти башарии мардум (Grant Assistance for Grassroots Human Security Projects Programme (GGP)) ба Тоҷикистон ба маблағи 755 ҳазор дулор грант дода буд. Ин грант кам-кам, ба малблағҳои 75 то 85  ҳазор дулор ба дарёфткунандаҳо тақсим шуд, вале ҳар бахше барои иҷрои тарҳе мушаххас чун беҳбуди обрасонӣ, бозсозии дабиристон ва ё сохтусози бемористон ҳазина шуд.

Дар зимн, ин ду кишвар дар бахши пизишкӣ, ки Ҷопон яке аз пешгомони навовариҳои донишбунёд аст ва Тоҷикистон ҳануз ҳам беҳтарин коршиносони пизишкиро омода мекунад, ҳамкории танготанге доранд.

Чунончи, 16 феврал намояндаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Тиэ Тамура таъйид карда буд, ки давлати ин кишвар ба Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо корафзорҳои дақиқу гаронарзише додааст.

Ҷолиб ин аст, ки ҷопониҳо дар муаррифии барномаҳои башардӯстонаашон дар ҳар кишваре бар ин нукта таъкид мекунанд, ки ҳарчанд зерсохторҳо муҳиманд, вале касоне, ки ин зерсохторҳоро ба кор меандозанд, муҳимтаранд. Ҷопониҳо бар ин боваранд, ки, агар масалан, мактабу бемористонеро бо беҳтарин корафзорҳо муҷаҳҳаз кунанд, вале коршиносоне надошта бошанд, ки онҳоро ба кор баранд, мардумро аз онҳо суде нахоҳад расид.

"Ин бовар бар таҷрубаву эътимод устувор аст. Ҷопон, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дувум шикаст хӯрдаву торумор шуда буд, ҳарчанд манобеъи табиъӣ ҳам надошт, вале дар камтарин замон бештарин дастоварҳоро ноил шуд, зеро ҳама нерӯву сармояашро дар бахши омӯзиш ва парвариши "захоири инсонӣ" ҳазина кард", — гуфта буд вазири умури хориҷаи Ҷопон Фумио Кисида дар суханроние ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Дар воқеъ, дар паи бумборонҳои атомии Ҳиросима ва Нагасакӣ, нобудии бештари корхонаҳову ишғоли низомии сарзаминаш Ҷопон бадтарин вазъро дошт. Давлати нав дар он замон барои бозсозии кишвар аз кордӯстиву коршиносии шаҳрвандон баҳра гирифт ва иқтисоди кишвар дар даҳсолаҳои пасин бо оҳанги шигифтангезе рушд кард. Акнун ҷопониҳо он таҷрубаашонро дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузоранд.

"Ҷопон ҳангоми бунёди зерсохторе чун роҳҳо ва ё нерӯгоҳҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳашро дар чорчӯби сохтусоз маҳдуд намекард. Балки коромӯзонеро дар қаламрави худаш омӯзиш медод ва Бунгоҳҳои омӯзишу тамрини коршиносонро дар он кишварҳо низ бунёд мекард. Дар 25 соли гузашта Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 9668 коршиноси гуногунпешаро пазируфта ва 2587 коршиноси худро ба он кишварҳо фиристодааст", — ёдоварӣ мекунад Фумио Кисида.

Яке дигар аз намунаҳои рӯйкарди Ҷопон ин аст: 11 август дар Душанбе қарордоде миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои дарёфти 1,5 милюн дулор грант имзо шуда буд. Ин маблағ барои омодасозии хидматгузорони давлатии ҷавон ва масъулини Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳазина хоҳад шуд. Ин ҷавонон таҳсилашонро аз сентябри 2018 оғоз хоҳанд кард.

Ҷопон тарҳҳои зерсохторсозиро низ сармоягузорӣ мекунад. Чунончи, дар авоили марти 2017 давлати Ҷопон ба Тоҷикистон ба маблағи 3 милюн дулор воми билоиваз дод то сохтмони Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанберо такмил кунад. Вале чунин сармоягузории мустақим барои Ҷопон чандон маъмул нест.

Боре, Ҷопон, ки дар хилофи Русия, Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки низ дар Тоҷикистон тарҳҳоеро иҷро мекунанд, хостори густариши нуфузи сиёсии худ нест. Пас чи далеле дорад, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, чунин ёрӣ медиҳаду кумак мерасонад?

Бегумон, далелаш ба даст овардани суде нест, ҳарчанд, масалан, гранти 400-ҳазордулорӣ барои хариди корафзорҳои барфрӯби ҷопонӣ ҳазина хоҳад шуд.

Ба назар мерасад, ки далели Ҷопон обрӯи кишвар ва мардумаш дар ҷаҳон аст, ки бисёре аз корофаринони ҷопонӣ бар ин боваранд, ки обрӯву эътибор беҳтарин сармояи ғайримоддӣ ва муътамадтарин афзори устуворсозии равобити тиҷорӣ ва корӣ аст.

Омили дигаре низ ҳаст, ки он низ бо иқтисоди ҷаҳонӣ пайванд дорад. Новобаста ба он ки Давлат ё Девони вазирони Ҷопон аз кадом ҳизбу созмонҳо ташкил шуда ва кадом сиёсатмадоре симати нахуствазириро бар уҳда дошта бошад, сиёсати Давлати Ҷопон дар умури ҷаҳонӣ ҳамвора бар асли "ҳамсудӣ ва беҳзистии ҳамагонӣ ҳамчун омили рушди пойдор" устувор мемонад. Давлати Ҷопон ин рӯйкард ҳам дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор мегирад ва ҳам дар дигар кишварҳои ҷаҳон.

"Фанновариҳои сабз" ё фанновариҳои созгор бо муҳити зист худ ба худ колое ҳастанд, ки ҳам Ҷопон аз онҳо суд мебарад ва ҳам Тоҷикистону ҳам дигар кишварҳо. Аз ин рӯ, аз фурӯши худравҳои ҷопонии созгор бо муҳити зист на танҳо як кишвар суд мебарад, балки дигар кишварҳо низ суде ба даст хоҳанд овард.

Роҳҳои тахту ҳамвори кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои муносибе барои озмудани ин худравҳо ҳастанд.

Пизишкони коромӯхтаву варзидаи бемористонҳои муҷаҳҳаз ба корафзорҳои пешрафта дар Тоҷикистони ободу пешраванда муштариёни билқувваи созандагони корафзорҳои пизишкии Ҷопон хоҳанд буд.

Метавон гуфт, ки ҷопониҳо дар Тоҷикистон дар паи дастёбӣ ба манофеъи миллии худ ҳастанд. Хушбахтона, тасаввури онҳо дар бораи нуфузи тиҷорӣ бо некӯкорӣ ва башардӯстӣ гиреҳ хӯрдааст.        

Мавзуъ

Тоҷикистон аз Ҷопон чаҳор мошини барфрӯб дарёфт мекунад
Давлати Ҷопон ба ду ноҳия дар Кӯҳистони Бадахшон кумак расонд
Ҷопон бо 3,9 милюн дулор фурудгоҳи Душанберо бозсозӣ мекунад
Пажӯҳишгар: ҷопониҳо заминларзаро пешгӯӣ хоҳанд кард
Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”: Аслов оромии Афғонистонро масъалаи рӯз гуфт
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои илмиву фанниро густариш медиҳанд
Тоҷикистон аз Ҷопон дар танзими хонавода ёрӣ мегирад
Фарҳанги ҷопонӣ дар Душанбе: аз чойнӯшӣ то оригамӣ
Бунёди мактаб дар Тоҷикобод бо кӯмаки Ҷопон
Ҷопон барои таҳкими марз дар ҶТ $2,3 млн. дод
Ҷопон дар Тоҷикистон шаш лоиҳа роҳандозӣ мекунад
Ҷопон дар Душанбе дастовардҳояшро муаррифӣ кард
Ҷопон роҳҳои Тоҷикистонро мумфарш месозад
Ҷопон барои рушди дзюдо дар ҶТ 90 ҳазор доллар медиҳад
Барчаспҳо:
фанновариҳои созгор бо муҳити зист, Ҷопон, ҳамкорӣ, грант, Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), Тоҷикистон-Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ