Президент: нобудкунии Ҳалимов нуфузи ДОИШ-ро дар байни ҷавонон паст мекунад

© Кадр из YouTubeГулмурод Халимов, архивное фото
Гулмурод Халимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Академияи масоили сиёсӣ генерал-полковник Леонид Ивашон бар ин бовар аст, ки нобудшавии Ҳалимов рафти ҷанги ДОИШ-ро суст мекунад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Русия, дар паи як амалиёти нерӯҳои Русия, собиқ фармондеҳи ОМОН Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Дайр-аз-Зори Сурия нобуд карда шуд.

"Ин рухдоди муҳими стратегиест, ки рафти ҷангро мешиканад ва ба назари экстремистҳои ҷавон аз Русияву Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ таъсир мерасонад", — гуфт президенти Академияи масоили сиёсӣ генерал-полковник Леонид Ивашов.   

Ба гуфти ӯ куштори "вазири ҷанг" дигар ҷавононро водор месозад,ки дар бораи оқибати гаравидан ба ДОИШ фикр кунанд.

Ивашов: убийство Халимова переломит ход войны в Сирии

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.

Ҳукумати Амрико барои ҳаргуна иттилоъ дар бораи Гулмурод Ҳалимов, се милюн дулор подош ваъда дода буд.

Моҳи сентябри соли 2016 расонаҳо хабар дода буданд, ки Гулмурод Ҳалимов  яке аз фармондеҳони дода буданд, вале ин иттилоъ таъйид нашуд.

Ҳамчунин дар баҳори соли 2017 бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шуданаш хабар доданд. Аммо ВКД Тоҷикистон марги ӯро таъйид накард ва эълом кард ки дар ин замина бозҷӯӣ хоҳад кард.

Ҳамакнун вазорати дифоъи Русия дар бораи нобуд кардани Ҳалимов расман хабар дод.

Лентаи хабарҳо
0