01:11 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Пардохти пули роҳкиро. Акс аз бойгонӣ

Кондуктору муҳосиб куҷо раванд: касбҳое, ки аз бозори меҳнати ҶТ ва ҷаҳон "гум" мешаванд

© Sputnik / Михаил Киреев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Коршиносони Тоҷикистон рушди бозори кориро то соли 2030 баҳо доданд. Тамоюл рӯшан аст - техника дар ҳамаи соҳаҳо бозори меҳнатро барои одамон танг мекунад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Таҳлилгарон дар бозори кории Тоҷикистон тағйиротҳои ҷиддиро пешгӯӣ мекунанд.

Дар Душанбе рӯйхати касбҳое, ки дар даҳсолаи оянда аз талаботи бозори меҳнат берун хоҳанд шуд, тартиб дода шудааст. Дар ин феҳрист кондуктор, ҳуқуқшинос, коргари бонк ва кассир номбар шудааст.

Радди пурраи ҳуҷҷатҳои коғазӣ ва гузаштан ба ҳисобкунии электронӣ артиши чандмилюнаи муҳосибонро аз байн хоҳад бурд.

Бояд қайд кард, ки дар ин росто мутахассисони Осиёи Марказӣ тамоюлҳои ҷадиди соҳаи иқтисоди Русияро пайгирӣ доранд. Ва ин пайгирӣ асос дорад: Маскав дар роҳи рушди автоматикунонии тамоми соҳаҳо қарор дорад.

Коршиносон сари мавзуъи кам шудани талабот ба муҳоҷирони тоҷик ва бефоида будани меҳнати онҳоро барои бозори кории Русия баррасӣ доранд.

Коршиноси мустақил Кубат Раҳимов ҳоло вазъи автоматикунонии бозори меҳнатро барои муҳоҷирон мусбат баҳо медиҳад.

Вале дар баробари ин қайд мекунад, ки омодагии тахассусии муҳоҷирон бояд дар баробари талаботи бозори меҳнати Русия ба роҳ монда шавад.

"Дар иқтисоди Русия тренди автоматикунонии бозори меҳнат мушоҳида мешавад. Дар ин росто бояд барои муайян кардани сифати муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, пажӯҳиши бузурге анҷом дод. Фикр мекунам нафароне бояд дар маркази диққат бошанд, ки имконияти гузариш ба гурӯҳи мутахассисони баландихтисос ва миёнаро доранд. Муттассифона дар айни замон кумак  ба ҳамаи гурӯҳи муҳоҷирон бисёр бушвор аст", — изҳор дошт Раҳимов дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Коршинос қайд мекунад, ки бояд ба ҷавонон барои омӯхтани забони русӣ кумак карда, онҳоро барои касбҳои оянда омода кард.

Таҳлилгарон дар айни замон тағйироти бозори кориро барои 10-15 соли оянда пешгӯӣ мекунанд. Миқёси бекорӣ дар ояндаи дур чӣ гуна мешавад? Ба ин савол ҳоло коршиносон ҷавоб наёфтаанд. Онҳо фақат маслиҳат медиҳанд, ки тамоюлҳои бозори ҷаҳонӣ бояд омӯхта шавад. Ва дер ё зуд ин тамоюлҳо тоҷикистониёнро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар бозори меҳнати муҳоҷиратӣ дахолат хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
бозори меҳнат, Кубат Раҳимов, Ҷаҳон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ