06:28 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мубориз Усмонов бо Иван Ургант

Мубориз Усмонов гуфтаҳои Собчакро шӯхиҳои аҳмақона номид

© Фото: Facebook Мубориза Усмонова
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
244 0 0

Гуфтаҳои Ксения Собчак аламовар буд, мегӯяд муҷрии машҳури тоҷик ва аъзои Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон Мубориз Усмонов

Чанде пеш муҷрии Русия Ксения Собчак дар раддабадалии лафзии шӯхиомез Уван Ургантро "бомже аз Тоҷикистон" номид.  Гуфтаҳои Собчакро муҷрии машҳури тоҷик, ки шахсан бо Иван Ургант шинос аст, интиқод кард.

Ба гуфтаи Мубориз Усмонов, ҳар фарде, ки ватани худро дӯст медорад, ин шӯхии Собчакро қабул ккарда наметавонад. 

"Аввалаш ин ки гуфтаҳои вай аламовар аст ва дувумаш асос надоранд. Ман фикр мекунам, ки ин як шӯхии аҳмақонае буд",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Мубориз Усмонов.

Пеш аз ин гуфтаҳои Собчакро коршиноси тоҷик Абдулло Давлатов рекламаи вай номида буд.

Барчаспҳо:
шӯхӣ, муҷрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ