08:48 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Аслишо Акимбеков

Аслишо Акимбеков дар бораи Ксения Собчак: "мо занро таҳқир намекунем"

© Фото: Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
51530

Аслишо Акимбеков бовар дорад, ки Ксения Собчак ба аъзоёни ҷадид ниёз дорад, нахуст ӯ узбакҳоро таҳқир кард ва акнун ба тоҷикҳо гузашт

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ксения Собчак муҷрии машҳури барномаҳои фарҳангии Русия рӯзи 14 сентябр дар маросими тақдими ҷоизаи "Инсони сол" ҳангоми рэп-баттл муҷрии дигари барнома-Иван Ургантро "бомже аз Тоҷикистон" хонд.

Ин сухани Собчак аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овард.

Sputnik Тоҷикистон дар ин росто андешаи муҷрии номии барномаҳои фарҳангӣ дар Русия ва раҳбари Кумитаи фарҳанги созмони "Нур" — Аслишо Акимбековро пурсон шуд.

Ба гуфти Аслишо Собчак вақтҳои охир аз камтаваҷҷӯҳӣ танқисӣ мекашад.

"Ӯ ба аъзоёни ҷадид ниёз дорад. Чанде пеш ӯ ҳамроҳи Навалний изҳор дошт, ки узбакҳо кӣ будани Пушкинро намедонанд. Дар ҷавоб шаҳрвандони Узбакистон шеърҳои Пушкинро қироъат мекарданду бо флешмобе вокуниш карданд. Акнун барои ҷалби бештари таваҷҷӯҳ тасмим гирифтааст ба тоҷикон ҳамла кунад", — гуфт Аслишо.

Батл!.. @urgantcom versus @xenia_sobchak #gqчеловекгода @gqrussia

Публикация от Sasha Sorkin (@sorkinofficial) Сен 13 2017 в 11:57 PDT

 

Ба фикри Акимбеков Собчак принсипҳои маънавие надорад ва барояш фақр нест, ки киро таҳқир мекунад.

"Ман намехоҳам ва мо (тоҷикон — шарҳ аз идора), вокунише нишон намедиҳем ва он ҳам вокуниш ба зан. Вокуниш ба суханони зане-худ кори нодуруст аст. Ҷавоби беҳтарин ба суханони Собчак хомушӣ аст. Мо насли Рудакию Сино ба ҳиҷ ваҷҳ ба ин суханон вокуниш намекунем. Агар Собчак бо фарҳангу таърихи  бойи тоҷикон ошно шавад, эҳтимол ӯ аз тоҷикон узрхоҳӣ кунад, вале қайд мекунам, ки мо ӯро барои узрхоҳӣ даъват намекунем", — гуфт Аслишо Акимбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

 

Мавзуъ

Ксения Собчак Иван Ургантро "бомже аз Тоҷикистон" номид
Абдулло Давлатов: вокуниш ба гуфтаҳои Собчак, рекламаи вай мешавад
Барчаспҳо:
андеша, вокуниш, Аслишо Акимбеков, Ксения Собчак, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ