15:16 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Тӯй дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Асрорӣ: ягон ҷашн, ойин ва маросим қонунан манъ нашудааст

© Фото: Пресс служба президента РТ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
345 0 0

Ин нуктаро Мирзошоҳрух Асрорӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" дар мулоқот бо фаъолони Хуҷанд иброз дошт

ДУШАНБЕ, 17 сен— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд чанд рӯз боз мулоқоти гурӯҳи кории ҳукумат оид ба ислоҳи қонуни танзим ҷараён дорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мулоқот бо фаъолон гуфтааст, ки "амалишавии қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" давоми 10 сол бори дигар собит намуд, ки сатҳи иҷтимоиёти мардум бо сарфаю сариштакорӣ боло рафтааст".

Дар давоми суханронӣ Асрорӣ тағйиру иловаҳоро натиҷаи талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамҷавор гуфтааст.

"Тамоми тартиби гузаронидани маросимҳои дафну азодорӣ дар асоси ҳукми шариат ва дини мубини ислом таҳия гардида, орӣ аз хурофотпарастӣ мебошанд. Имрӯз бархе аз нафарон қонуни мазкурро дуруст дарк накарда, иддао доранд, ки ҷашну маросимҳо аз байн рафта истодаанд, вале ин гуфтаҳо тамоман нодурустанд, ягон ҷашн, оин ва маросимро қонунгузорӣ манъ накардааст, вале дар гузаронидани ҷашну маросимҳо танзим роҳандозӣ шудааст", — гуфтааст вай.

Пештар коршиноси Фарҳангистони Русия Тоҳир Қаландаров дар бораи фоидаи қонуни танзим ибрози андеша карда буд.

Ба гуфти ӯ дар воқеъ ташкили тӯю маърака барои бештари мардуми Тоҷикистон бори гарон аст ва ин қонун ба онҳо сабукӣ хоҳад овард.

"Ман фикр намекунам, ки мардум хоста бошанд тӯйи дабдабанок барпо кунанду боз ҷарима пардозанд, — гуфт коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мавзуъ

Тоҳир Қаландаров: қонуни танзим мардумро аз қарз озод мекунад
Бахшида ба қонуни танзим: Филми "Тангно"-ро дар Хуҷанд ба намоиш гузоштанд
Прокурорҳо барои риоя накардани қонуни танзим аз кор ронда мешаванд
Барчаспҳо:
ислоҳи қонуни танзим, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ