23:54 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Андрей Грозин. Архивное фото

Грозин: Душанбе ва Тошканд ҳануз ҳам ба якдигар эътимод надоранд

© Фото: Институт стран СНГ
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Боз мондани бархе мушкилот дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон иллати дидор накардани раҳбарони онҳо аз кишварҳои ҳамдигар аст, мегӯяд Андрей Грозин, мудири Пажӯҳишкадаи Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд (ИДМ) дар Маскав

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳамзамон бо бештар шудани дидорҳои раҳбарони Қазоқистону Узбакистон ва сафари Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон, камкӯшии Душанбе барои бардоштани гоми нахуст ба сӯи Тошканд барҷастатар мешавад.

Андрей Грозин дар ин бора мегӯяд, миёни Тошканд ва Душанбе мушкилоте вуҷуд дорад, ки монеи ҳалли ихтилофоташон шудааст.

Вай ёдоварӣ кард, ки Шавкат Мирзиёев пас аз расиданаш ба қудрат дар Узбакистон кӯшишҳое барои беҳбуди равобит бо Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон кард, ки бо сафари сарони ин кишварҳо ба Тошканд ва дидорҳои раисҷумҳурии Узбакистон аз ин се кишвар ҳамроҳ буд. Аммо раҳбарони Узбакистону Тоҷикистон то кунун аз кишварҳои якдигар дидор накардаанд.

"Чаро Душанбе то кунун кӯшише намекунад?— мепурсад ӯ ва худ посух медиҳад: Душанбе ба далели пеш гирифтани сиёсати нодурусти хориҷӣ аз равандҳои умумии минтақа канор мондааст. Ба назар мерасад, ки Душанбе беҷиҳат ба кӯтоҳ омадани Тошканд умед бастааст. Тоҷикистон бо охирин иқдомоташ дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун нишон дод, ки аз Узбакистон на танҳо дарки мавзеъ, балки кӯтоҳ омаданро интизор дорад ва мехоҳад Тошкандро дар баробари амали анҷомшуда қарор диҳад. Агар раҳбарони Тоҷикистон воқеъан чунин нақшае дошта бошанд, бояд гуфт, ки он чандон хушбинона нест. Аз ин рӯ, равобит миёни ду кишвар ҳануз беҳбуд наёфтааст".   

Вай бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон ҳануз ҳам ба якдигар эътимод надоранд. "Ба назар мерасад, ки Тошканд ва Душанбе мунтазир ҳастанд кадоме аз онҳо гоми нахустро дар беҳбуди равобити дуҷониба бармедорад. Зеро дар Тошканд тасаввур бар ин аст, ки тӯб дар майдони Душанбе аст ва дар муқобил, мақомоти тоҷик низ мунтазири ибтикори амали Узбакистон ҳастанд", — мегӯяд Грозин.

Мавзуъ

Грозин: Путин бори дигар ба Раҳмон ЕврАзЭС-ро хотиррасон мекунад
Грозин: Мирзиёев не, Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дод
Грозин: Мирзиёев наметавонад мушкилиҳои байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро ҳал намояд
Барчаспҳо:
эътимод ва ҳамкорӣ, Андрей Грозин, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ