22:33 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Хонандагони синфи якум. Акс аз богйонӣ

Мо барои роҳбари синфамон 10 дирамӣ ҷамъ кардем...

© Sputnik / Амир Исаев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
47240

Авохири моҳи сентябр буд ва донишомӯзони синфҳои болоӣ дар яке аз деҳаҳои дараи Бартанги ВМКБ такопӯе доштанд. Мо кӯдакон ҳам кунҷков шуда будем ва аз пасашон мерафтем то аз суханҳояшонро бишнавем, ки чи шудаву чӣ мехоҳанд кунанд. Шунидем, ки мегуфтанд Рӯзи омӯзгор фаро мерасад ва мехоҳанд аз роҳбари синфашон қадрдонӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Мо ҳам ҳарчанд хурдсол ва донишомӯзи синфи дуюм будем,  қарор додем, ки роҳбари синфамонро ба андозаи тавонамон шод кунем.

Соли 2000 буд. Чанде пеш дар Тоҷикистон ислоҳоти пулӣ гузаронида буданд ва мардум пули зиёде надошт. Мо кӯдакон маънои пулро ҳам намедонистем, вале бо вуҷуди кӯдакямон мефаҳмидем, ки падару модарамон пули зиёде надоранд.

Ҳама ҳамсинфон гирд омадему бо ҷиддияти кӯдакона  қарор кардем, ки барои раҳбари синфамон — Хосият Давлатқадамова 10-дирамӣ ҷамъ кунем.

Пас аз анҷом ёфтани дарсҳо қарор кардем ба хонаҳоямон баргашта ноҳор хӯрему 10-дирамиро гирифта дар ҷои муқарраршуда гирд оем.  Ману яке аз ҳамсинфонам, ки ҳамсояам буд, ҳамроҳ ба хонаҳоямон баргашта ноҳор хӯрдему 10-дирамӣ гирифта ба ҷои муқарраршуда рафтем, вале на ҳама ҳамсинфонамон он ҷо омада буданд.

Пасон аз як сар ба хонаҳояшон рафтему пулро ҷамъ кардем. Дар деҳаамон дукону фурӯшгоҳ ҳам чандон набуд. Ба яке аз дуконҳо рафта барои раҳбари синфамон бо пули ҷамъкарда як донаӣ собуну шона ва чизи дигаре ҳам харидем. Аз шодӣ дар худ нагунҷида давон-давон ҳадяамонро барои омӯзгорамон бурдем.

Раҳбари синф аз ин ҳадяи ночизи мо бисёр шод шуду ҳар яки моро ба оғӯш кашид.

Бо гузашти замон ҳамаи мо соҳиби маълумоти олию ҷои кор шудем. Яке муҳандису дигаре омӯзгор, севумӣ рӯзноманигору чаҳорумӣ иқтисоддону дигаре ҳам пизишк.

Ҳар як инсон бо омӯзишу парвариши омӯзгор одам мешавад. 

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорро ҷашн мегиранд. Мо ҳам ин ҷашнро ба ҳама омӯзгорони тоҷик табрик мегӯему орзу мекунем, ки шогирдонашон боиси хушнудию сарфарозиашон шаванд.

Барчаспҳо:
Рӯзи омӯзгорон, мактаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ