17:58 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото

Умед Ҷайҳонӣ: забони давлатии Тоҷикистонро низ бояд танзим кард

© AP/ Olga Tutubalina
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
467112

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ёдоварӣ кард, ки "ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад".

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Аз чанд сол пеш 5 октябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфт: "Забони тоҷикӣ мероси бурузги ниёкони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст". 

Раисҷумҳур дар бахше дигар аз ин паём забони давлатиро "таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик" хонд ва гуфт: "Забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд".

Забони давлатӣ, дар содатарин таъриф, забонест, ки расман ва қонунан дар кишваре барои корбурд дар ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳову сохторҳои кишварӣ ва лашкарӣ, сиёсату қонунгузорӣ, иқтисоду бозаргонӣ, омӯзишу пажӯҳишу фарҳангу ҳунару дигар заминаҳо интихоб шудааст. Маъмулан забоне ҳамчун забони расмии давлат интихоб мешавад, ки бештарин гӯишварро дар он кишвар дошта бошад. Бино бар Қонуни асосии Тоҷикистон, «забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Корбурди забони давлатӣ дар "фаъолияти мақомҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шахсони ҳуқуқӣ"-ро дар Тоҷикистон Қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" танзим мекунад.

Яке аз заминаҳои корбурди забони давлатӣ баҳрагирӣ аз вожаҳову истилоҳоти миллӣ дар номгузории ниҳодҳои кишвардорӣ аст. Банди 1 моддаи 18 боби 5 ин Қонун муқаррар мекунад, ки «номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад». Ҳамин мавридро баррасӣ мекунем. Ҳаминҷо ёдовар мешавем, ки забоншиносон забони миллии тоҷиконро гунае аз забони форсӣ медонанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони расмӣ буда ва бо дастуру дабирае дигаргуна бо форсии Эрону Афғонистон омӯзиш додаву ба кор бурда мешавад. Аз ин рӯ, онро "забони форсии тоҷикӣ" меноманд.

Бисёре аз миллатҳо ва кишварҳо мекӯшанд бо корбурди истилоҳоту вожагони куҳан пайванди худ бо тамаддуне бостонӣ ва ё кишваре торихиро устувору пойдор кунанд. Тоҷикон ҳам бо рӯй овардан ба ториху пешинаи кишвардории худ, бавижа давлати Сомониён, ки бар ҳаққ мояи ифтихори расмии мост, ҳануз пеш аз даст ёфтан ба истиқлоли сиёсӣ вожаву истилоҳоти миллиро дар номгузории ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифтанд. Чунончи, дар соли 1991 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон бо пешниҳоди устод Муҳаммадҷон Шакурӣ Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистонро расман «Девони Вазирон» номид.

"Девон" яке аз куҳантарин истилоҳоти кишвардории тоҷикон аст. Бино бар "Фарҳанги решашиносии забонҳои эронӣ", вожаи «девон» бозмонда аз «dīwān» дар порсии миёна ва «*dipi-dāna-» дар порсии бостон аст ва чунин дигаргун гаштааст: *dipi-dā́na- > diβδān > diwyān > diywān > dīwān.

Ин истилоҳ дар забони порсии бостон аз ҳамкарди ду вожа падид омада: «*dipi-» — ‘навишта' + «*dāna-» — ‘ҷой; макон' ва маънояш рӯйҳамрафта «макони нигаҳдории асноду мадорик, яъне бойгонӣ» будааст, ки сипас дар порсии миёна маънои «вазоратхона»-ро гирифта, ки дар форсии дарӣ низ бо ҳамин маънову мафҳум корбурд дошт. Бояд гуфт, ки «*dipi-» дар порсии бостон вомвожа аз «tippi» дар забони эломӣ аст, ки гунаи куҳантараш «tuppi» баргирифта аз вожаи шумерии «dup-» ба маънии «навишта; лавҳ» аст.

Ин истилоҳ аз оғози подшоҳии Ҳахоманишиён то фарҷоми аморати Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, дар Эрону Турон корбурд доштааст. Чунончи, Сосониён, ки худро аз пушти Ҳахоманишиён мешумурданд, девонҳо доштанд ва чун мусулмонон бар онҳо чира шуданд, созмони девонсолории онҳоро ба кор гирифтанд ва девонҳо ташкил карданд. Сомониён нахустин давлате буданд, ки ташкилоти девонсолориро аз хилофати Аббосиён гирифта ва онро тоҷикӣ карда буданд.

Идораи умури мамлакати Сомониён миёни ду созмони бузург тақсим шуда буд, ки яке "даргоҳ" ном дошт, ки ҳамон "дарбор" аст ва дигаре "девон". Бино бар гуфтаи Абубакр Муҳаммади Наршахӣ дар «Торихи Бухоро», «Амири Саъид Наср ибни Аҳмад ибни Исмоили Сомонӣ ба Регистон сарое фармуд ва сарое сохтанд бағоят некӯ ва моли бисёр дар вай харҷ кард ва бар дари сарои хеш сарои уммол (коргузорон) фармуд бино карданд чунон ки ҳар омилеро алоҳида девоне будӣ андар сарои хеш бар дари сарои султон, чун Девони вазир ва Девони муставфӣ ва Девони соҳиби шурта ва Девони соҳиби барид ва Девони мушриф ва Девони мамлакати хосса ва Девони муҳтасиб ва Девони авқоф ва Девони қазо, бад-ин тартиб девонҳо фармуд бино ниҳоданд».

Созмони тавонманд ва печидаи кишвардории Сомониёнро донишманди ҳамасрашон Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Юсуфи Котиби Хоразмӣ дар китобаш "Мафотиҳу-л-улум" низ овардааст, ки аз чунин девонҳо ташкил мешудааст: Девони вазир ё Девони вазорат; Девони арз; Девони барид; Девони ишроф; Девони қазо; Девони мамлакати хосса, Девони об, Девони расоил ё Девони иншо; Девони сипоҳ; Девони хироҷ ё Девони муставфӣ; Девони ҳисаба; Девони шурта; Девони авқоф.

Аз бархе аз манобеъ, масалан, аз китоби Низом-ул-Мулк "Сиёсатнома" пайдост, ки ташкилоти идории давлати Сомониён сармашқе барои давлатҳои пасин, яъне Ғазнавиён ва Салҷуқиён шуда ва пас аз онҳо низ ҳар дудмоне, ки дар сарзамини тоҷикон давлату ҳукумате таъсис дода, ҳамин созмонро бо косту афзуде ба кор бурдааст. 

Истилоҳи "девон" ба маънии "вазоратхона, идораи давлатӣ" то сарнагунии аморати Бухоро дар соли 1920 ба кор мерафт. Дар замони шуравӣ ҷои девону вазоратро "комиссариати халқӣ" гирифт, вале дар соли 1946 истилоҳи "вазорат" дубора ба кор гирифта шуд. Дар он давра Ҳукуматро «Шурои нозирони халқӣ» (1917 — 1946) ва «Шурои Вазирон» (1946 — 1990) мехонданд, ки баргардон аз номҳои русии «Совет народных комиссаров» ва «Совет Министров» буданд. Дар поёни соли 1990 сохтори Шурои Вазирони Иттиҳоди Шуравӣ дигаргун гашт ва ниҳоде, ки ҷойгузинаш шуд, «Кабинети Вазирон» ном гирифт. Соли 1991 Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон бо пешниҳоди устод Муҳаммадҷон Шакурӣ Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистонро расман «Девони Вазирон» номид. Вале соли 1994 ин ниҳод "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" номида шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешина, метавон дар пайравӣ аз Сомониён ниҳодҳои иҷроии Ҳукумат, яъне вазоратҳоро, «девон» номид, вале сарваронашон ҳамчунон «вазир» хонд. Ин истилоҳот ҳар ду тоҷикӣ ҳастанд ва пешинаи корбуди ҳазорсола доранд.

Ин номгузорӣ рӯйкарде торихгароёна дорад ва ду ҳадафро пайгирӣ мекунад: яке зиндасозиву корбурди вожаҳову истилоҳоти миллӣ дар забони давлатӣ ва дигаре бозпайвастани кишвардории Тоҷикистон бо гузаштаҳое, ки дар назарамон дурахшон будаанд. Бо баҳрагирӣ аз таъбири раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, метавон гуфт, ки "девон" дақиқан "ойинаи таърихи халқу кишварамон" аст ва метавонад "василаи пайванди имрӯз бо гузашта" шавад.

Истилоҳоте чун девон, додгоҳ, додситонӣ, додгустарӣ, кишвардор, шаҳрдор, устондор, фармондор, деҳдор, ба гуфти шодравон устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, «ҳар кадоме гӯё як санади ториханд, ки аз гаҳи бостон дар миёни мардуми тоҷик вуҷуд доштани мафҳумҳои муҳимми кишвардорӣ ва тамаддуни олиро гувоҳӣ медиҳанд». Ин истилоҳот бояд ҳатман дар забони давлатӣ ба кор гирифта ва ҷойгузини вожаҳои иқтибосии "суд", "прокуратура", "адлия", "президент", "раиси шаҳр, вилоят, ноҳия, ҷамоат" шаванд, зеро, чуноне, ки раисҷумҳур таъкид кард, "ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад".

Бо илҳом аз ин раҳнамоии хирадпазири раисҷумҳур ва дар пайравӣ аз номи девонҳои Сомониён метавон ҳар яке аз вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ чунин номид:

  • Вазорати адлия — Девони додгустарӣ
  • Вазорати кишоварзӣ — Девони кишоварзӣ
  • Вазорати корҳои дохилӣ — Девони кишвар (ё кишварбонӣ)
  • Вазорати корҳои хориҷӣ — Девони фарокишвар
  • Вазорати маориф ва илм — Девони омӯзишу дониш
  • Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — Девони кору пеша
  • Вазорати молия — Девони дороӣ
  • Вазорати мудофиа — Девони артишдорӣ
  • Вазорати нақлиёт — Девони роҳу таробарӣ
  • Вазорати рушди иқтисод ва савдо — Девони иқтисоду бозаргонӣ
  • Вазорати саноат ва технологияҳои нав — Девони саноеъву фанновариҳо (ё сохтоварӣ)
  • Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — Девони тандурустиву беҳзистӣ
  • Вазорати фарҳанг — Девони фарҳангу ҳунар
  • Вазорати энергетика ва захираҳои об — Девони обу нерӯ

"Кишварбонӣ" дар пайравӣ аз «шаҳрбонӣ» сохта шуда, ки он аз «шаҳрбон» рӯидаву дар порсии миёна «šahrap», дар паҳлавӣ «xšatrap» ва порсии бостон «xšaθrapāvan» буда (аз «*xšaθra-» — ‘подшоҳӣ; кишвар' + «*pā-» ‘пойидан' + «-van») дақиқан ба маънии «нигаҳбони подшоҳӣ ё кишвар» будааст. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин маънӣ, «кишварбонӣ» яъне "нигаҳбони кишвар" аст, ки яке аз хешкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ аст. Аз ин рӯ, онро метавон «Девони кишварбонӣ» номид. Аммо «шаҳрбонӣ»-ро ҳам метавон ба ҷои «милиса / пулис» ба кор бурд.

"Фарокишвар" аз пешванди "фаро-" ва "кишвар" сохта шуда, маънияш "фаротар аз марзҳои кишвар; берун аз кишвар" аст, чуноне, ки "фарозаминӣ" ба маънои "берун аз курраи Замин" аст.

«Артишдорӣ» аз «артишдор» рӯида ва реша дар «Авесто» дорад. Фарҳангҳо «артишдор»-ро «разманда, сипоҳӣ, лашкарӣ» овардаанд. Ин вожа дар порсии миёна «artēštār» (‘сарбоз', ‘лашкарӣ', ‘ҷанговар', ‘сипоҳӣ') буда, ки баргирифта аз вожаи авестоии «raθaē-štar-» (аз «raθa-» — ‘гардуна' + «štar-» — ‘истода' дар эронии бостон, яъне ‘гардунасавор', ‘разманда') аст. Азбаски акнун «артиш» ба маънии «армия» хусусан ва «нерӯҳои мусаллаҳ» умуман ба кор меравад, «артишдорӣ» метавонад муодили хубе барои мафҳуми «умури низомӣ ва дифоъӣ» бошад. «Артишдорӣ» дар пайравӣ аз "кишвардорӣ", ки ба маънои «дониш, фанн ё шеваи идораи кишвар» аст, метавонад мафҳуму маънии «дониш, фанн ё шеваи идораи нерӯҳои мусаллаҳ»-ро дошта бошад.

«Таробарӣ» дар баробари «транспорт | transportation» аз пешванди «таро-» (баробар бо «trans-») ва исми масдари «барӣ» аз феъли «бурдан» сохта шудаву маънияш «ҳамлу нақли коло ё мусофир аз ҷое ба ҷои дигар аст». «Таро-» дар ин истилоҳ бар «ҳаракат аз як сӯ ба сӯи дигар» далолат мекунад. Он аз «taro-» дар забони авестоӣ гирифта шуда, ки маънояш «аз як сӯ» буда ва ҳамчунин решаи «tar-», ки дар вожаи авестоии «vitara-» ба маънии «гудор; гузаргоҳ» ба кор рафта, ба маънии «гузаштан» ва «бад-он сӯ рафтан» аст. Аз ин вожа дар забони балхӣ исми «ταρο» рӯида, ки дар ҷойноми Тармиз боз мондааст: он дар забони балхӣ «ταρμιδο» буда, ки аз «*tara-maiθа-» дар эронии бостон ба маънии «гузаргоҳ» рӯидааст. Тармиз аз қадим яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои рӯди Ому будааст. Ҳамин вожа дар забонҳои шуғнӣ ба гунаи «тарӯ / тарав» боз мондааст.

Бовармандам, ки бо пазиришу корбурди ин истилоҳоти навсохта "забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ ҳамқадами замони муосир" мешавад.

Мавзуъ

Умед Ҷайҳонӣ: забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт
Умед Ҷайҳонӣ: давлат номи Пётри Якумро аз кӯҳсори Тоҷикистон бардорад
Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон аст
Барчаспҳо:
кишварбонӣ, фарокишварӣ, артишдорӣ, девон, барномарезии забонӣ, таробарӣ, кишвардор, Рӯзи забони давлатӣ, Умед Ҷайҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ