13:10 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Капитолий в Вашингтоне, архивное фото

Назарсанҷӣ: беш аз ниме аз амрикоиҳо ба расонаҳои ИМА эътимод надоранд

© Sputnik / Джереми Хоган
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пурсиданд, ки оё расонаҳои амрикоӣ воқеъбину воқеънигор ҳастанд ва ё аз давлатмардону сармоядорон фармон мебаранд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Назарсанҷии "Sputnik.Дидгоҳҳо" нишон медиҳад, ки бисёре аз шаҳрвандони ИМА ба шабакаҳои телевизюнӣ ва рӯзномаву расонаҳои амрикоӣ эътимод надоранд.

Аз посухдиҳандагон пурсиданд, ки оё расонаҳои амрикоӣ воқеъбину воқеънигор ҳастанд ва ё аз давлатмардону сармоядорон фармон мебаранд.

Беш аз ниме аз посухдиҳандагон — 59 дарсад — бар ин боваранд, ки расонаҳо на дидгоҳи худро, балки хостаҳову дидгоҳҳои давлатмардону сармоядоронро бозтоб медиҳанд. Ин назарсанҷӣ ошкор карда, ки дар 2 соли гузашта шумораи амрикоиҳое, ки ба расонаҳояшон эътимод надоранд, 6 дарсад афзоиш ёфтааст. Танҳое камтар аз 25 дарсад аз посухдиҳандагон расонаҳоро "бетарафу ростинигор" шумурдаанд.

Бино бар ин назарсанҷӣ, 78 дарсад аз ҷумҳурихоҳон (ҳаводорони Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико) ва тарафдорони раисҷмҳур Доналд Трамп ба расонаҳо эътимод надоранд. Ҳамзамон камтар аз 50 дарсад аз ҳаводорони Ҳизби демократи Амрико дар бетарафиву воқеъбинии расонаҳо шакк доранд.

Расонаҳои амрикоро асосан мардуми иёлоти ғарбии Амрико ва касоне воқеъбину ростинигор мешуморанд, ки дорои таҳсилоти олӣ буда бошанд. Аммо бисёре аз пайравони мазҳаби протестантизм ва атеистҳо матолиби расонаҳоро "тарафдорона ва таассубомез" мешуморанд. Аз пайравони мазҳаби католикӣ камтар аз 50 дарсад бар ин назар ҳастанд.

Се чаҳоруми шаҳрвандоне, ки даромади солонаашон андаке бештар аз миёнгин аст, ба расонаҳо эътимод надоранд. Аммо амрикоиҳое, ки даромади солонаашон басе бештар аз миёнгин аст, расонаҳоро воқеъбину бетараф мешуморанд.

Ин назарсанҷиро дар Амрико ширкати IFop — куҳантарин ширкати назарсанҷии афкори умум дар Фаронса, дар торихи 20 то  27-уми сентябри соли 2017 баргузор карда аст. Дар он 802 посухдиҳанда ширкат карда, ки 18-сола ва бузургсолтар будаанд. Намунагирии ин омор аз рӯи ҷинсият, сол ва ҷуғрофиёи ҷамъият анҷом меёбад. Ҳаддаксари иштибоҳ дар кулл 3,1 дарсад ва эҳтимоли дурустии омор 95 дарсадро ташкил медиҳад.

Мавзуъ

Назарсанҷӣ: шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирон одат кардаанд
Назарсанҷӣ: ИМА баъди ҳодисаи 11 сентябр амниятро дар ҷаҳон таъмин накард
Назарсанҷӣ: аврупоиён барои бе ҷои кор мондан аз муҳоҷирон тарс доранд
Назарсанҷӣ: ВАО маълумоти нокомили ҷиноёти муҳоҷиринро нашр мекунад
Назарсанҷӣ: ҷонибдории сокинони ИМА-ву Аврупо аз амалиёти низомии ФР
Назарсанҷӣ: забони русӣ дар ҳаёти тоҷикистониён чӣ мақом дорад?
Назарсанҷӣ: дар ИМА кӣ аз қонуну тартибот пуштибонӣ мекунад
Барчаспҳо:
раъйгирӣ, додахоҳӣ, назарсанҷӣ, расонаҳо, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ