Сарсониҳои ду донишҷӯи бечора дар нотариус: то пул надиҳед, коратонро анҷом намедиҳем!

© Фото : Фархунда УмриддиноваМинистерство юстиции Республики Таджикистан
Министерство юстиции Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯён барои дарёфти як ваколатнома чаҳор рӯз остонаи дари Дафтари асноди расмии ноҳияи Синоро охурча карданд. Вале корманди нотариус то аз онҳо афзун бар боҷи давлатӣ пул наситондааст, корашонро анҷом надодааст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ду донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон — Париваш Алиева ва Фархунда Қурбонова ба  Sputnik Тоҷикистон номае навиштаву аз Дафтари асноди расмӣ ё Идораи нотаралии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят кардаанд.

Онҳо дар ин нома мегӯянд, ки ҳар дуяшон панҷикандӣ буда ва дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд ва ҳамзамон кор ҳам мекунанд. Донишҷӯён мегӯянд, барои худро аз сабти шаҳри Панҷиканд баровардан ба Дафтари асноди расмии ноҳияи Сино барои гирифтани ваколатнома муроҷиат кардаанд. Кормандони идора онҳоро чанд рӯз овораву саргардон карда, саранҷом аз онҳо ба баҳонаи пардохти боҷи давлатӣ пули бисёр ситондаанд.

"Мо барои аз қайди шаҳри Панҷикад баровардани насабҳоямон аз ҷойи кор ва донишгоҳ маълумот гирифта бо шиносномаҳоямон ба Панҷиканд фиристодем. Лекин ҳоло барои ин бояд мо шахсан ба Панҷиканд мерафтаем. Барои ҳамин волидонамон гуфтанд, ки ба номи онҳо ваколатнома равон кунем то мушкиламон осон шавад", — менависанд донишҷӯён.

Ба гуфтаи Фархунда ва Париваш, онҳо барои ба даст овардани як ваколатнома 4 рӯз дар нотариус овора шудаанд.

© Фото : Фархунда УмриддиноваҲуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалӣ ба донишҷӯён доданд
Ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалӣ ба донишҷӯён доданд - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалӣ ба донишҷӯён доданд

"Рӯзи аввал рафтем, баҳона карданд, ки ҳоло як кормандомон нест, фардо биёем. Фардо рафтем, гуфтанд, ки ҳар кадоме 15 сомонӣ, яъне 30 сомонӣ диҳед то коратонро анҷом диҳем. Аммо бо ин ҳам корамон буд нашуд", — менависанд онҳо.

Ба гуфти духтарон, пас аз дарёфти 30 сомонӣ кормандони нотариус гуфтаанд, ки рӯнавишт ё копияи шиносномаи шаҳрвандеро ниёз доранд, ки барояш ваколатнома дода мешавад. Аммо агар онҳо ҳар кадоме 50 сомонӣ диҳанд, бе рӯнавишт ҳам Дафтари асноди расмӣ кори онҳоро анҷом медодааст.

"Вақте ки рӯнавишти шиносномаро бурдем, гуфтанд, ки ҳар кадоме 50 сомонӣ пул диҳем. Дар посух гуфтем, мо донишҷӯ ҳастем, ин миқдор пул надорем. Онҳо гуфтанд, ки инҷо нотариуси давлатӣ аст, то пул надиҳед, коратонро ҳал намекунад", — мегӯянд онҳо.

Париваш ва Фархунда ҳамчунин навиштаанд, ки онҳо ҳамон рӯз пул надорем гуфта аз Дафтари асноди расмӣ берун шудаанд ва рӯзи дигар бо ҳама санадҳои даркорӣ ба нотариус рафтаанд.

Саранҷом, бино ба гуфтаи донишҷӯён, сардафтари асноди расмӣ ё нотариус пас аз чанд рӯз саргардонӣ, ки ин донишҷӯёнро ҳам аз кор монондаву ва ҳам аз дарс, боз боҷӣ давлатӣ гуфта, аз ҳар кадомашон 63 сомониву 25 дирамӣ талаб карда гирифтааст.

"Дар ҳоле, ки бояд барои боҷи давлатӣ 10 сомонӣ ва 13 сомониву 25 дирам барои сарбарг пул пардохт мекардем", — навиштаанд онҳо.

Онҳо шигифтзада мешаванд, ки чаро Дафтари асноди расмии пойтахт ду донишҷӯи нодорро ин қадар барои як ҳуҷҷат саргардон карда, афзун бар ин бедалил маблағи бештар ситондааст?

Фархунда ва Париваш менависанд, рӯзҳое, ки ба Дафтари асноди расмӣ мерафтанд, даҳҳо шаҳрвандро медиданд, ки барои дуруст кардани ин ё он ҳуҷҷат ба он нотариусҳои беинсоф бе ҳеч чуну чарое ҳар пулеро, ки мегуфтанд, пардохт мекарданд. Зеро маҷбур буданд, вагарна, онҳо мушкили касеро ҳалл намекардаанд.

Ин ду донишҷӯ шигифтзада аз он мешаванд, ки "он ҳама боҷе, ки шаҳрвандон ба давлат пардохт мекунанд, дар кисаи кадом масъул ҷой мегиранд ва чаро Вазорати адлияи ҶТ афсори ин гуна кормандонашро намекашад"?

Лентаи хабарҳо
0