13:10 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Семен Багдасаров. Акс аз бойгонӣ

Багдасаров хостори бозгашти марзбонони Русия ба Помир шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
52903

Коршиноси масоили Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мудири маркази омӯзишии кишварҳои Ховари Миёна Семён Багдасаров дар бораи вазъияти қочоқи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон нақл кард

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Маскав нахустин мизи гирди Русияву Афғонистон баргузор шуду рӯзи 6 ноябр онро хулосабарорӣ карданд.

Ширкаткунандагони ин муҳокима мушкилоти қочоқи маводи мухадирро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Тибқи баҳогузории СММ оид ба ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар соли 2015-2016 ҳаҷми истеҳсоли ин мавод аз 3000 то 4800 тонна зиёд шуд.

Дар соли 2017 ҳам, коршиносон афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маводи мухадирро аз эҳтимол дур намедонанд.

Ба гуфти коршинос дар бораи коҳиши интиқоли маводи мухаддир тариқи Осиёи Марказӣ ба Русия сухане нест.

"Марзи Тоҷикистону Афғонистон хуб ҳимоя намешавад. Марзи ҷониби Помир, ки дарозтарин аст, аз ҷониби сарбозони рус ҳимоя намешавад. Барои ҳамин қочоқи маводи мухаддир наметавонад коҳиш ёбад", — гуфт Багдасаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин коршинос қайд мекунад, ки Пойгоҳи 201-умро бояд барои мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ҷалб кард.

Мавзуъ

Марзбонони тоҷик оромиро танҳо дар “хоб” мебинанд
Барчаспҳо:
гардиши маводи мухаддир, марзи Тоҷикистону Афғонистон, Семён Богдасаров, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ