13:12 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Гавҳар Ҷӯраева, акс аз бойгонӣ

Гавҳар Ҷӯраева дар бораи муҳоҷирони боздоштшуда: бояд қонунӣ амал кард

© Фото: Официальный сайт партии "Единая Россия"
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Роҳбари маркази ҳуқуқиии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷӯраева ба Sputnik Тоҷикистон қазияи боздошти муҳоҷирони тоҷикро дар Оқсарой шарҳ дод

Роҳбари маркази ҳуқуқии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷӯраева гуфтааст, дар пешомаде ки бо мусофирони тоҷик рух додааст, бояд дар чорчӯби қонун амал кард.

"Бояд муҳоҷирон ва масъулине, ки бо онҳо сару кор доранд, дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунанд. Муҳоҷире, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро надорад, бояд дар хотир дошта бошад, ки дар роҳи бозгашт ба Ватан метавонанд дар фурудгоҳ ӯро боздошт кунанд ва ҷарима ситонанд",- гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Гавҳар Ҷӯраева афзуд, муҳоҷирон бояд барои омода кардани ҳуҷҷат ба мақомотҳои расмӣ муроҷиат кунанд ва ба доми фиребгарон наафтанд.

Барчаспҳо:
муҳоҷират, Гавҳар Ҷӯраева, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ