01:57 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Коршинос Сайфулло Муллоҷон

Коршинос дар бораи далели аз мақом озод кардани ходимони динии дар хориҷа таҳсилкарда

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
11411

Корманди илмии Маркази исломшиносии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷон мегӯяд, ақидаҳои бархе аз ходимони динии дар хориҷ таҳсилдида бо мазҳаби Ҳанафӣ рост намеояд

Корманди илмии Маркази исломшиносии Тоҷикистон Сайфулло Муллоҷон дар бораи далели  аз мақомҳояшон озод кардани ходимони динии фориғуттаҳсили кишварҳои хориҷӣ гуфт.

Ба гуфтаи вай, мақсади ин иқдоми  Ҳукумати кишвар пеш аз ҳама мубориза бо  таҳдидҳои ифротгароӣ ва амнияти Тоҷикистонравона шудааст.

" Ақидаҳои қисме аз таҳсилкардаҳои мактабҳои динии хориҷа ба мазҳаби Ҳанафӣ мувофиқат намекунанд",- мегӯяд Сайфулло Муллоҷон.

Вай афзуд, дар минтақа ниёз ба коршиносони дин зиёд аст ва бояд ин масъаларо дар  дохил ҳаллу фасл кард.

Коршинос гуфт, бояд рӯҳониёнро дар кишвар  омода кард ва барои ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия метавонанд Марказҳои воҳиди исломӣ бунёд кунанд.

Барчаспҳо:
ходимони дин, мансаб, Сайфулло Мулоҷонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ