20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Салим ва Сулаймон

Салиму Сулаймон: дар Маскав моро гарм пешвоз гирифтанд

Sputnik / Стас Этвеш
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
53170

Салим ва Сулаймон бародарон-овозхонони маъруфи ҳиндӣ ҳастанд, ки дар консерти ба муносибати 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV дар Маскав ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Салим ва Сулаймон солҳо боз ҳам суруд мехонанду ҳам оҳанг меофаранд. Онҳо то кунун барои овозхонони попи ҳиндӣ xey-Viva, Asmaan, Shweta Шетти, Жасмин, Шоҳрух Хон, Амитабҳ Баччан ва дигарон оҳангу тарона эҷод кардаанд. Ин бародарони ҳунарманд аз соли 1997 то кунун  барои садҳо филми машҳури ҳиндӣ мусиқиву суруд эҷод кардаанд.

Хабарнигори Sputnik Тоҷиистон дар ҳошияи консерти бузург — "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" дар Маскав бо овозхонони ҳиндӣ Салмон ва Сулаймон суҳбати сарироҳие анҷом дод, ки фишурдае аз онро ин ҷо пешкашатон мекунем.

—  Салом, аз дидор бо шумо шодам.

—  Салом, аз ошноӣ бо Шумо низ шодем.

—  Хуш омадед ба Маскав!

—  Сипосгузорем!

—  Оё ин нахустин сафаратон ба Русия ва Маскав аст?

—  Бале, ин нахустин сафарамон ба Маскав аст. Аз дер боз мехостем ба Русия сафар кунем ва инак хушбахтем, ки ба орзуямон расидем ва дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунем.

—  Маскавро чӣ гуна ёфтед?

—  Беҳад сард. Ман сармо хӯрдам, ин ҷо бисёр сард аст, — гуфт Салим.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

—  Бале, сард аст, вале моро тоҷикони Маскав чунон гарм пешвоз гирифтанд, ки ин сардиҳо ҳам аз ёдамон рафт. Аз барои пешвозу истиқболи бисёр гарму самимӣ аз онҳо сипосгузорӣ мекунем, — гуфт Сулаймон.

—  Ҳангоми бозгашт ба Ҳиндустон нахустин чизе, ки дар бораи Маскав хоҳед гуфт, чӣ бошад?

—  Ман мегӯям, ки Маскав шаҳрест бисёр сард, вале зебову дилоро, — гуфт Салим.

—  Шунидаам, ки яке аз орзӯҳои мардуми Ҳиндустон сафар ба Русия, бавижа ба шаҳри Маскав аст. Ин гуфта то куҷо дуруст аст ва агар чунин бошад, ба фикри шумо чаро чунин орзӯе доранд?

—  Бале, чунин аст, — мегӯяд Салим. — Мардуми Ҳиндустон ба Маскав сафар карданро дӯст медоранд. Фикр мекунам, ин чанд ҷиҳате дошта бошад. Нахуст ин ки агар ба торих назар афканем, Ҳиндустону Русия аз дер замоне бо ҳам дӯст ҳастанд. Филмҳои ҳиндиро дар Русия ва умуман дар Осиё бисёр меписанданду  сурудҳои ҳиндиро мардуми ин ҷо гӯш мекунанд. Инро худи ман ҳам инҷо аллакай эҳсос кардам. Гарчӣ мо забони ҳамдигарро надонем ҳам, вале онҳо моро бо мусиқиамон мешиносанду эҳтиром мекунанд ва дар ин росто монеае барои дӯст надоштан миёни мардуми Ҳиндустон ва Русия боқӣ намемонад. Мо русҳоро дӯст медорему онҳо моро!

—  Оё Шумо худ хостори ба Маскав сафар кардан будед, ё ин ҷо даъвататон карданд?

—  Мо замонҳо боз мехостем ба Русия ва аз ҷумла ба шаҳри Маскав биёем, вале ин дафъа  моро даъват карданд, Яъне мо бо даъват омадаем, — гуфт Сулаймон.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

—  Имсол мо ҷашни бузурге дорем, ки 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV — пешвои мо исмоиёлиёни ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, барномаҳои бисёре роҳандозӣ шудааст, ки яке аз он барномаи мо, яъне "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" мебошад. Бо ин консерт чандин кишвари дунёро тай мекунему ин ҷо ҳам ба хотири ҳунарнамоӣ ва таҷлил аз "Ҷашни алмосӣ" омадаем, — афзуд Салим.

—  Сатҳи ташкили консерт хушатон омад?

—  Бале, ташкилкунии консерт дар сатҳи бениҳоят хуб аст. Ҷалби беш аз 300 ризокор ба консерт худ як нишонаи муносибати ҷиддӣ ба ташкили консерт ҳаст. Моро хеле хуб пазируфтанду ба мо кӯмак карданд, ҳар замону ҳар дақиқа аз мо пурсон мешаванд, ки оё ҳамаи чиз дастрас аст ё на. Ризокорон дар кори худ бисёр ҳушёранд, ҳама кордону омодаи кумак.

—  Оё дар нақша доред, ки ба Тоҷикистон ҳам биравед?

—  Албатта. Тоҷикистон мақсади  мо аст. Мо, Худо бихоҳад, ба зудӣ ба Тоҷикистон ҳам сафар мекунему мардумро бо сурудҳоямон шод хоҳем кард. Сабаби дигаре ҳам дорем, мо акнун бо гурӯҳи "Шамс" чанд суруде ҳамроҳ омода кардаем, ки онҳоро пешкашатон мекунем.

—  Сипосгузорам барои суҳбат.

—  Обод бошед!

Барчаспҳо:
кончсерт, овозхонӣ, Салим-Сулаймон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ