23:51 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Научный сотрудник в МГИМО, адвокат Шарбатулло Содиков

Содиқов: Дар Тоҷикистон мардум аз милиса метарсанд

© Фото: Официальная страница Шарбатулло Содикова в Facebook
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
563 0 0

Коршинос, корманди илмии Донишгоҳи давлатии Муносибатҳои байналмилалии Маскав Шарбат Содиқов иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба милиса додани ваколати иҷрочиёни додгоҳиро тавзеҳ дод

Дар Ҳукумати Тоҷикистонмехоҳад, қисме аз ваколатҳои иҷрочиёни судиро ба милиса бовар кунанд. Ҳукумати кишвар тарҳи махсусеро ҳам дар ин бора ба маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ироа кардааст, ки мувофиқи он бояд  ба қонуни ҶТ "Дар бораи милиса" тағйирот ворид шавад.

Агар ин тарҳро намояндагони маҷлиси кишвар пазиранд, кормандони милиса ваколатдор мешаванд, ки рафти иҷрои қарори додгоҳро назорат баранд.

Аммо ин лоиҳа танҳо ба масоили иқтисодиву иҷтимоӣ вобаста аст: супоридани  ҷарима ва алимент, мусодираи амволи манқул ва ғайриманқул ва ғайраҳо.

Ба гуфтаи коршинос дар Тоҷикистон  институти иҷрочиёни судӣ эътимод пайдо накард. Фаъолияти милиса бошад, самараноктар ба назар мерсад.

"Вақте ки кормандони милиса ба хонаи қарздорон меоянд, мардум аз онҳо бештар метарсанд",- тавзеҳ дод вай.

Барчаспҳо:
иҷрочии судӣ, ваколат, милиса, коршиносон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ