23:50 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Шоир ва рӯзноманигор Исфандиёри Назар, акс аз бойгонӣ

Исфандиёри Назар: чаро кормандони давлат ҳам тоқиву ҷома ва масҳиву миёнбанд намепӯшанд?

© Facebook / Исфандиёри Назар
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
32450

Турсунзодаи қаҳрамон, Ғафурови қаҳрамон, Боқии қаҳрамон, Миршакари қаҳрамон, Шаҳидии қаҳрамон, Вализодаи қаҳрамон то Ғоиб Сафарзодаи ҷавонмаргу Лоиқу Қутбиву Мастонҳо аз ҷомаи беқасабу тоқии чоргули тоҷикӣ ифтихор мекарданд ва бо он ба Масков сафар мекарданд, менависад рӯзноманигори маъруфи тоҷик

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Шоири муҳоҷир ва рӯзноманигори маъруф  Исфандиёри Назар дар вокуниш ба хабари омода шудани "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои боувону духтарони Тоҷикистон" дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаааст, ин иқдоми масъулин амали нолозим ва масхараомезест. Ӯ дар ин постер дар бораи либос, либоси торихии тоҷикон ва таъсири фарҳанги бегона ба он, либоси миллӣ- яъне либоси мардонаи миллӣ ва занонаи миллӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунад.

Тавре вай қайд мекунад, пеш аз ҳама дар Тоҷикистон дар мавриди таърихи либоси милли пажуҳиши диқиқе нашудааст. Ӯ аз таърихи фарҳанги либоспӯшии тоҷикон ёдовар шуда мегӯяд, муқобили либоси туркиву арабиест, ки бо номи "ҳиҷоб" онро бархе аз занони тоҷик ба бар мекунанд.

 Ба фикр Исфандиёри Назар тоҷикон "ҳиҷоб"-и худро доштанд ва он, ки он руймоли калон, ҷомача остини васеъ буд.

"Аксҳои бозмонда аз Бухорои тоинқилоб, сарулибоси қадимии занони деҳот нишон медиҳанд, ки зани тоҷик ҳеч гоҳ "сатр" ё "ҳиҷоб"-и туркиву арабӣ надошт. Ҳанӯз ҳам дар Кӯҳистон ва низ дар Самарқанду Бухоро, занони калонсол ба сари худ як ҷомача ё яктаҳеро партофта ба кӯча мебароянд ва ё остини васеъи куртаи худро пеши даҳонашон гирифта ба ҷое мераванд", — таъкид мекунад ӯ.

Илова бар ин рӯзноманигор навиштааст, бархе аз бонуҳои тоҷик барои "мода" ва зебогӣ ин гуна либосҳоро пазируфтаанд

"Қатъан чунин мепиндорам, ки аксари занону духтарони тоҷик навъи туркиву арабии ин либосро ба хотири зебоии он пазируфтанд. Барои ин амр пеш аз ҳама филмҳои туркӣ муассир буданд", —изҳор мекунад ӯ.

Дар мавриди либоси миллӣ  шоири муҳоҷир мегӯяд, он либоси миллие, ки ҳоло дар Тоҷикистон тарғиб мешавад хоси тӯё маърака аст, дар дигар ҳолат ба бар кардани он барои занон нороҳат хоҳад буд.

"Намунаи либосҳе, ки "миллӣ" гуфтаву ба хотири "мубориза ва решаканкунии либоси туркиву арабӣ" ва тасвиби ин Қонуни дигар пешниҳод кардаанд, зебост, аммо барои саҳна, аммо барои рӯзҳои иди Наврӯз, барои арӯсӣ..",- меафзояд ӯ.

Рӯзноманигор як фикри ҷолиби дигареро ҳам пешниҳод кардааст —  либоси миллӣ бояд фарогири либосу зану мард бошад.

"Дар ин ҳол, чаро ба кормандони давлатӣ супориш дода намешавад, ки ҳатман дар сарашон тоқии миллӣ (тоқии маҳаллоти худ ё тоқии умумии тоҷикӣ), ҷома (зира, беқасаб, алоча), чакман, пӯстин, кафшу масҳӣ, миёнбанд… ба бар кунанд? Ва чаро ба донишҷӯёну умуми мардон ин "қонун" нест? Магар "либоси миллӣ" ҳамин костюму галстуку туфливу амсоли инҳост?",- таъкид мекунад вай.

Ӯ қайд кардааст, ки дар гузашта масъулину зиёиён ва шоирону арбобони тоҷик дар сар тоқӣ ба хориҷ мерафтанд ва бо он ифтихор ҳам  мекарданд.

"Пеш аз ин Турсунзодаи қаҳрамон, Ғафурови қаҳрамон, Боқии қаҳрамон, Миршакари қаҳрамон, Шаҳидии қаҳрамон, Вализодаи қаҳрамон то Ғоиб Сафарзодаи ҷавонмаргу Лоиқу Қутбиву Мастонҳо аз ҷомаи беқасабу тоқии чоргули тоҷикӣ ифтихор мекарданд ва бо он ба Масков сафар мекарданд",- таъкид мекунад вай.

Ӯ дар охир мегӯяд, ки Инсон дар интихоби либоси тани худ озод бояд бошад. Хосса занон дар интихоби либоси худ бояд озод бошанд.

" Аср — асри ҷоҳилият нест, асри дигарест. Башарияти имрӯзаро наметавон ба асри миёна бурд ва ҳатто ба моҳе пештар баргардонд!",- қайд мекунад ӯ.

Пештар хабар дода шуд, ки Дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки либоспӯшии бонувону духтаронро танзим мекунад.

 "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон"-ро се ниҳод — Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон омода кардаанд.
Интизор меравад, ки агар Ҳукумати ҷумҳурӣ ин дастурамалро ба тавсиб расонад, тарҳи он моҳи оянда мунташир мешавад.

Барчаспҳо:
дастурамал, либоси миллӣ, ҳиҷоб, Исфандиёри Назар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ