05:40 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Рамазон Қодиров. Акс аз богйонӣ

Хашми Қодиров аз қарори Трамп дар бораи Байтулмуқаддас

© Sputnik / Михаил Климентьев
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
50911

Рамазон Қодиров бар ин аст, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ин қарори худ Исроилро ба ҷанги нав ворид мекунад

ДУШАНБЕ, 8 дек— Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров аз изҳороти Доналд Трамп дар бораи эътирофи Байтулмуқаддас пойтахти Исроил ба хашм омад.

"Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп маркази се дини ҷаҳонӣ-Байтулмқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард. Ин маънои онро дорад, ки Фаластини мусулмоннишин охирин умеди худро дар бораи мухторият аз даст медиҳад. Ин дар остонаи рухдоди таърихӣ, ки бо дастгирии Русия ва қувваҳои мусаллаҳи Сурия даст дод, теруристони Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) аз кишвар пок шаванд ва дар муборизаи мо бар зидди душманони Ислом пирӯзӣ ба даст оварданд", — навиштааст Қодиров дар саҳифаи "ВКонтакте".

Ба гуфти ӯ Трамп Исроилро бо ҷанг даромехта мекунад.

"Сиёсати раисҷумҳури Амрикоро бояд чӣ гуна пиндошт? Хеле содда. Акнун охирин шубҳаҳо дар бораи созмондиҳандагони гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқу Сурия ва таъсиси "тартиботи сулҳ" аз байн рафт. Зиёда аз ин бо боварӣ мегӯям, ки Трамп бо ин қарори худ кишвари Исроилро бо ҷанге, ки ба ин кишвар таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ месозад. Яъне бо ҷанги бузург", — илова кард Қодиров.

Доналд Трамп — Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад.

Ин суханони таърихии Доналд Трамп аз тарафи мақомоти Исроил ситоиш шуда, аммо аз сӯи бархеи дигар мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла Арабистони Саудӣ ин тасмими Қасри Сафедро ноҷо хонда, аз Трамп хостааст, ки қарори худро бозбинӣ намояд. Доналд Трамп гуфт, "имрӯз мо пазируфтем, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил аст.

Барчаспҳо:
Рамазон Қодиров, Байтулмуқаддас, Исроил, Чеченистон

Мавзӯъҳои асосӣ