10:43 18 январи 2018
Пахши мустақим
нахустмувини раиси Кумитаи Шурои федератсияи муносимбатҳои байналмилалии Русия

Коршинос: Русия бояд дар Тоҷикистон корхона бунёд кунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
10710

Корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Русия имкон медиҳад, ки на танҳо маҳсулот арзон шавад, балки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ватан бо ҷойи кор таъмин шаванд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Владимир Ҷабборов — нахустмувини раиси Кумитаи Шурои федератсияи муносимбатҳои байналмилалии Русия гуфтааст, кишвар бояд дар Тоҷикистон ва Узбакистон корхонаҳои муштарак бунёд кунад.

Ба гуфтаи вай, ин корхонаҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо маҳсулоти истеҳсолшуда арзон бошад, балки селаи муҳоҷирон ба Русия камтар шавад.

"Маълум аст, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон қувваи корӣ зиёд аст. Мо метавон қисме аз коргоҳҳоямон дар ҳамин кишварҳо ташкил кунем",- гуфҷтааст Ҷабборов.

Масъалан, Русия метавонад дар Узбакистон коргоҳи истеҳсоли худрави "Лада"-ро роҳандозӣ кунад.

"Кори ин корхонаҳо имконияти зиёд медиҳад. Бештарини муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  бо ҳама кушишҳояшон нигоҳ накарда, натметавонанд дар Русия худро бо зиндагии хуб таъмин кунанд. Онҳо дур аз хона ва оила мемонанд. Ташкил шудани корхонаҳои муштарак ба онҳо имконят медиҳад, ки дар кишварашон кору фаъолият кунанд ",- мегӯяд вай.

Дар Русия наздики 900 ҳазор муҳоҷирони меҳантӣ тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Барои фаъоляти қонунӣ онҳо бояд патент гиранд. Пештар хабар дода шуд, ки нархи иҷозатномаи корӣ соли оянда дар ҳудуи вилояти Маскав гарон мешавад.

Барчаспҳо:
корхона, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ